Тафсири сураи Қадр



Дар тафсири Алмизони Аллома Таботабоӣ

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон. Ҳамоно он (Қуръон)-ро дар шаби қадр фурӯ фиристодем. Ва ту чӣ медонӣ, ки шаби қадр чист? Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ

аст, (ки дар он шаби қадр набошад). Фариштагон ва Руҳ (Ҷабраил) дар он шаб ба фармони Парвардигорашон аз барои ҳар коре (ки Худо ҳукм карда бошад) фурӯ меоянд. Саломат аст он (шаб) то ҳангоми баромадани сапедадам.

Ин сура, нузули Қуръон дар шаби қадрро баён мекунад ва он шабро таъзим намуда, аз ҳазор моҳ болотар медонад; чун дар он шаб малоика ва Руҳ нозил мешаванд.

Ин сура, ҳам эҳтимоли маккӣ буданро дорад ва ҳам метавонад маданӣ бошад ва ривоёте, ки дар бораи сабаби нузули он расидааст, холӣ аз таъйиди маданӣ будани он нест.

1. Инно анзалноҳу фи лайлатил қадр:

Муфоди ояти: “Инно анзалноҳу фи лайлатил қадр” ин аст, ки ҳамаи Қуръон дар шаби қадр нозил шудааст. Замир (-и “он”) дар “анзалноҳу” (“он"-ро фурӯ фиристодем), ба Қуръон бармегардад, ва зоҳираш ин аст, ки мехоҳад бифармояд, ки ҳамаи Қуръонро дар шаби қадр нозил карда, на баъзе аз оятҳои онро. Дар таъйиди ин матлаб инро метавон гуфт, ки таъбир ба “инзол” карда, ки зоҳир дар эътибори якпорчагӣ аст, на “танзил”, ки зоҳир дар нозил кардани тадриҷӣ аст.

Ва дар маънои ояти мавриди баҳс ин оят аст, ки мефармояд: “Вал китобил мубин, инно анзалноҳу фи лайлатим муборака” (Савганд ба ин китоби рӯшан ва рӯшангар, ки ҳамоно онро дар шабе бобаракат фурӯ фиристодем), ки сареҳан фармуда, ҳамаи китобро дар он шаб нозил карда; чун зоҳираш ин аст, ки нахуст савганд ба ҳамаи китоб хӯрда, баъд фармуда, ин китобро, ки ба ҳурматаш савганд хӯрдем, дар як шаб ва якпорча нозил кардем.

Пас, мадлули оятҳо ин мешавад, ки Қуръони Карим, ба ду гуна нозил шуда; яке якпорча дар як шаби муайян, ва яке ҳам ба тадриҷ дар тӯли бисту се соли нубувват, ки ояти шарифаи “Ва Қуръонро ҷудо-ҷудо (оят оят ва сура сура тибқи маслиҳат ва ниёз) фиристодем, то онро бар мардум бо диранг бихонӣ; ва онро фурӯ фиристодем фурӯ фиристодане”, нузули тадриҷии онро баён мекунад, ва ҳамчунин ояти зер, ки мефармояд: “Ва касоне ки кофир шуданд гуфтанд: “Чаро Қуръон бар ӯ ба як бор фурӯ фиристода нашуд?” Инчунин (фиристодем) то дили туро бад-он устувор ва ором гардонем, ва (аз ин рӯ) онро ҷудо-ҷудо (бархе аз пайи бархе) ва ба оҳистагӣ бархондем”.

Бино бар ин, дигар набояд ба гуфтаи баъзе эътино кард, ки гуфтаанд: “Маънои ояти “анзалноҳу” (фурӯ фиристодем) ин аст, ки шурӯъ ба инзоли он кардем ва манзур аз инзол ҳам, инзоли чанд оят аз Қуръон аст, ки дар он шаб якбора нозил шуд, на ҳамаи он.”



1 2 3 4 5 next