Фазилати омўхтан ва омўзиш додан дар масҷид



Паёмбари Худо(с): Ҳар гурўҳе, ки дар хонае аз хонаҳои Худо, гирди ҳам оянд ва Қуръон тиловат кунанд ва онро ба якдигар биомўзанд, оромиш бар онҳо фуруд меояд ва раҳмати Худо бар онҳо соя меафканад ва фариштагон онҳоро дарбар мегиранд ва Худованд дар байни касоне, ки назди ўянд, аз онҳо ёд мекунад.

1-Паёмбари Худо(с): Касе, ки субҳгоҳон равонаи масҷид шавад, танҳо ба ин хотир, ки хайреро фаро гирад (ёд гирад) ё омўзиш диҳад, подоши касеро дорад, ки умраи комиле анҷом додааст ва касе, ки шабонгоҳ равонаи масҷид шавад,танҳо бо ин ҳадаф, ки хайреро фаро гирад ё омўзиш диҳад, аҷри касеро дорад, ки ҳаҷҷи комилеро баҷо овардааст.

2-Паёмбари Худо(с): Ҳар кас ба ин масҷиди ман дарояд, танҳо ба ин хотир, ки хайреро биомўзад ё омўзаш диҳад, ҳамчун муҷоҳиди роҳи Худост ва ҳар кӣ ба қасди дигаре биёяд, монанди касе аст, ки ба моли шахси дигаре чашм дўхтааст.

3-Паёмбари Худо(с): Ҳар гурўҳе, ки дар хонае аз хонаҳои Худо, гирди ҳам оянд ва Қуръон тиловат кунанд ва онро ба якдигар биомўзанд, оромиш бар онҳо фуруд меояд ва раҳмати Худо бар онҳо соя меафканад ва фариштагон онҳоро дарбар мегиранд ва Худованд дар байни касоне, ки назди ўянд, аз онҳо ёд мекунад.

4-Сунани Ибни Моҷаҳ, аз Абдуллоҳ ибни Амр(р): Рўзе Паёмбар Худо(с) аз яке аз утоқҳои хонаи худ берун омад ва вориди масҷид гардид. Дар масҷид ду даста аз мардумро дид, дастаи нахуст, Қуръон тиловат мекарданд ва Худоро мехонданд ва дастаи дигар меомўхтанду омўзиш медоданд. Паёмбар(с) фармуд: Ҳар ду даста бар кори хайр ҳастанд. Инҳо Қуръон тиловат мекунанд ва Худоро мехонанд. Агар бихоҳад атояшон мекунад ва агар бихоҳад, аз он бозмедорад ва он дастаи дигар, фаро мегиранд ва ба дигарон меомўзанд. Ҳамоно ман муаллим барангехта шудаам. – Он гоҳ бо он даста нишаст.

5-Китоб-ул-азама, аз Ибни Аббос(р): Паёмбари Худо(с) дар ҳоле ки мо ҳалқа-ҳалқа дар масҷид нишаста будем, назди мо ворид шуд ва фармуд: Ба чӣ коре машғулед?

Гуфтем: Дар мавриди офтоб ва чигунагии тулўъ ва ғуруби он меандешем.

Фармуд: Офарин бар шумо! Ин гуна бошед. Дар офарида андеша кунед ва дар бораи (ҳақиқат ва зоти) офаринанда наандешед, ки Худованд ҳар чизеро барои ончӣ хостааст, офаридааст.

6-Сунани Абудовуд, аз Ақаба бин Омири Ҷуҳнӣ(р): Паёмбари Худо(с) назди мо, ки дар суффа нишаста будем, омад ва фармуд: Кадом як аз шумо дўст дорад, ки ба минтақаи Бутҳон ё Ақиқ биравад ва ду модашутури бузурги кўҳонсафед ба даст оварад, бидуни он ки Худойро нофармонӣ кунад ё пайванди хешовандиро қатъ намояд?

Гуфтанд: Ҳамаи мо, эй Паёмбари Худо(с).



1 next