Баракоти масҷид



Пайғамбари Худо(с): Ҳар гоҳ Худованд бихоҳад ба мардуме осеб бирасонад, чун ба масҷидиён бингарад, осебро аз онҳо дур мекунад.

Пайғамбари Худо(с): Омаду рафт ба масоҷид мояи раҳмат ва парҳез аз он нифоқ аст.

Пайғамбари Худо(с): Ҳар гоҳ осебҳо ва офатҳо фуруд оянд, масҷидиён дар амонанд.

Пайғамбари Худо(с): Ҳар гоҳ Худованд мардуми диёреро ғарқ дар нофармонӣ бинад, дар ҳоле ки дар он диёр, се мўъмин низ ҳузур дорад, ў онҳоро чунин нидо медиҳад: Эй нофармонон! Агар набуданд дар байни шумо имон оварандагоне, ки ба ёди ҷалолату шукўҳи ман бо якдигар дўстӣ меварзанд, онҳое, ки бо намозашон замину масоҷиди маро одоб мекунанд ва дар саҳаргоҳон ба хотири тарс аз ман, омурзиш металабанд, бе тардид, азобамро бе он ки парво кунам, бар шумо фурў мефиристодам.

Пайғамбари Худо(с): Ҳар кӣ пайваста ба масоҷид, омаду рафт кунад, ба яке аз ҳашт чиз даст хоҳад ёфт: бародаре, ки дар роҳи Худо аз ў баҳра барад, ё донише латиф ва пурбаҳра, ё сухане, ки ўро ба ҳидоят расонад ё аз ҳалокат бираҳонад, ё раҳмате, ки чашм бароҳаш бошад, ё он ки гуноҳеро аз рўи шарм ё тарс аз Худо тарк гўяд.

Имом Алӣ(а): Ҳар гоҳ Худованди Таборак ва Таоло бихоҳад, ки заминиёнро азоб кунад, мефармояд: Агар набуданд касоне, ки ба хотири базургӣ ва азамати ман якдигарро дўст медоранд ва масҷидҳоямро обод мекунанд ва саҳаргоҳон талаби бахшиш мекунанд, бе тардид, азобамро фурў мефиристодам.

Имом Содиқ(а) ба Фазл ибни Абдулмалик фармуд: Эй Фазл, аз ҳар қабилае ҷуз баргузидаи он ва аз ҳар хонадоне, ҷуз асили он, раҳсипори масҷид намешавад. Эй Фазл! Масҷидрав ҳадди ақал яке аз ин се чиз насибаш мешавад: ё дуое мекунад, ки Худованд бо он ўро ба биҳишт мебарад, ё дуое, ки ба сабаби он, Худованд балои дунёро аз ў дур месозад ва ё бародаре, ки дар роҳи Худо аз ў баҳра мегирад.