Мусалмон ва китобӣ



Пайғамбари Акрам (с) фармудаанд: “Ҳаргоҳ ду нафар дар як роҳ бо якдигар мусоҳибат кунанд, ҳаққе бар якдигар пайдо мекунанд”.

Дар он айём, шаҳри Куфа маркази ҳукумати исломӣ буд. Дар тамоми қаламрави кишвари васеи исломии он рӯз, ба истиснои

қисмати Шомот, чашмҳо ба он шаҳр дӯхта буд, ки чӣ фармоне содир мекунад ва чӣ тасмиме мегирад.

Дар хориҷи ин шаҳр, ду нафар, яке мусалмон ва дигаре китобӣҳудӣ ё масеҳӣ ё зардуштӣ), рӯзе дар роҳ ба ҳам бархӯрд карданд. Мақсади якдигарро пурсиданд.

Маълум шуд, ки мусалмон ба Куфа меравад ва он марди китобӣ дар ҳамон наздикӣ, ҷои дигареро дар назар дорад, ки биравад. Тавофуқ карданд, ки чун дар миқдоре аз масофират роҳашон яке аст, бо ҳам бошанд ва бо якдигар мусоҳибат кунанд.

Роҳи муштарак, бо самимият, дар зимни сӯҳбатҳо ва музокироти мухталиф тай шуд. Ба сари дуроҳӣ расиданд; марди китобӣ бо камоли тааҷҷуб мушоҳида кард, ки рафиқи мусалмонаш аз он тараф, ки роҳи Куфа буд нарафт ва аз ин тараф, ки ӯ мерафт омад. Пурсид:

- Магар ту нагуфтӣ, ман мехоҳам ба Куфа биравам?

- Бале.

- Пас, чаро аз ин тараф меойӣ? Роҳи Куфа, ки он яке аст.

- Медонам, вале мехоҳам миқдоре туро ҳамроҳӣ кунам. Пайғамбари мо (с) фармудааст: “Ҳаргоҳ ду нафар дар як роҳ бо якдигар мусоҳибат кунанд, ҳаққе бар якдигар пайдо мекунанд.” Акнун, ту ҳаққе бар ман пайдо кардӣ, ман ба хотири ин ҳақ, ки ба гардани ман дорӣ, мехоҳам чанд қадаме туро мушойиат кунам. Ва албатта баъд ба роҳи худам хоҳам рафт.



1 next