Бо Расули Худо (с)



Паёмбари Худо(с) фармуд: Бидонед, ки ҳар кас мусулмони фақиреро ночиз шуморад, ҳаққи Худоро ночиз шуморидааст ва Худованд дар рўзи қиёмат ўро ночиз мегардонад, магар ин ки тавба кунад.

Ва низ фармуд: Ҳар кас мусулмони фақиреро гиромӣ бидорад, дар рўзи қиёмат дар ҳоле Худоро дидор мекунад, ки аз ў розӣ аст.

Марде назди Паёмбари Худо омад. Дид ҷомаи эшон кўҳнаву фарсуда аст. Пас дувоздаҳ дирҳам ба эшон тақдим кард. Паёмбар(с) ба Алӣ фармуд: Эй Алӣ ин дирҳамҳоро бигир ва бо онҳо бароям либосе бихар то бипўшам.

Алӣ ба бозор рафт ва пироҳане ба дувоздаҳ дирҳам харид ва хидмати Паёмбар овард. Эшон нигоҳе ба он кард ва фармуд: Эй Алӣ агар пироҳани дигаре бошад, бештар дўст дорам. Фикр мекунӣ соҳибаш онро пас мегирад?

Гуфт: Намедонам.

Фармуд: Бирав, бубин.

Алӣ назди фурўшандаи пироҳан рафт ва гуфт: Паёмбари Худо(с) инро намеписандад ва пироҳани дигаре мехоҳад, пас инро аз мо пас бигир.

Фурўшанда дирҳамҳоро баргардонд ва Алӣ онро хидмати Паёмбар овард. Эшон ба бозор омад то пироҳане бихарад. Дар байни роҳ канизакеро дид, ки каноре нишаста ва мегиряд. Паёмбар(с) ба ў фармуд: Чӣ шудааст?

Эй Паёмбари Худо(с), хоҷагонам ба ман чаҳор дирҳам доданд то барояшон чизе бихарам, аммо он дирҳамҳо гум шудаанд ва ман ҷуръат намекунам пеши онҳо баргардам.

Паёмбари Худо(с) чаҳор дирҳам ба ў дод ва фармуд: Ба хонаат баргард.



1 2 next