Дуои Имом Саҷҷод (р) дар ҳаққи асҳоби Расули Худо (с)



Имом Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб аз фарзандони ҳазрати Фотимаи Заҳро духтари Расули Худо (с) ва аз бозмондагони хонаводаи Паёмбар баъд аз ҷангу куштори саҳрои Карбало аст, ки бо аммаи худ ҳазрати Зайнаби Кубро ба Шом бурда шуд ва баъд аз бозгашт ҳамчун сарпарасту бузурги хонадони нубувват ва имому пешвои муслимин зиндагии бисёр пурбаракатеро гузаронд ва дар миёни тамомии ҷомеаи исломӣ бо ному лақабҳои Имом Саҷҷод, Имом Зайнулобидин ва..., шинохта шуда ва мавриди иззату эҳтиром мебошад. Яке аз осори бозмонда аз он Имоми Муттақин, ба унвони «Дуоҳои имом Саҷҷод» маъруф аст, ки маҷмӯае аз розу ниёзҳои ӯ дар мавзӯоти худшиносӣ, худошиносӣ, тавҳид, маод, ибодат, дуруд бар расулони Худо ва... мебошад.

Ин китоб, ки розу ниёз ва дуоҳои яке аз авлиёи илоҳӣ аст, роҳнамое барои касонест, ки мехоҳанд бо парвардигорашон бо равиши гузаштагон, хусусан имомону авлиёи наздик ба асри Расули Худо(с) розу ниёз ва дуо намоянд.

Дар ин ҷо дуое, ки дар мадҳу дуруд бар асҳобу ёрони Расули Худо (с) аз забони Имом Саҷҷод (р) омадааст, барои огоҳии бештар аз ин китоб тақдими хонандагон мемегардад.

Бошад, ки руҳу мақоми бузурги он авлиё ва асҳоби гиромии расули сулҳу сафо, Муҳаммади Мустафо (с) рафеътар гардад.

Ба номи Худои Мутаол

Ва аз дуоҳои ӯ (Имом Зайнулобидин) дуруд бар саҳобагон ва тасдиқкунандагони Расули Худо (с) аст:Худовандо! Ва пайравони Паёмбар ва тасдиқкунандагони Ӯ, аз марудми рӯи замин, ки аз сидқи қалб  ӯро тасдиқ ва пайравӣ мекарданд ва он тасдиқу пайравӣ дар замоне буд, ки душманон онҳоро дуруғгӯ мехонданд ва мубориза мекарданд, вале мусалмонон бо иштиёқу хоҳиши қалбиашон ба паёмбарон рӯ оварданд, дар ҳар замоне, ки паёмбаре фиристодаӣ ва барои мардум паёмбаронро чароғи роҳ намудаӣ, аз замон Одам(а) то ҳазрати Муҳаммад(с), ки аз аиммаи ҳидоятгар ва пешгомони аҳли тақво ҳастанд, ки бар ҳамаашон салом бод.

Худовандо! Хусусан асҳоби Муҳаммад(с) - онҳое, ки ба некӣ ҳамроҳии ӯро карданд, ҳамонҳое, ки дар ёрии ӯ ба некӣ талош намуданд ва он ҳазратро ёрӣ намуданд дар роҳи расидан ва сохтани ҳукуматаш, дар қабул намудани даъвату суханонаш бар ҳамдигар пешӣ ва сабқат мегирифтанд ва чун далели рисолату паёмбариашро ба гӯши онҳо расонд ӯро пазиро шуданд ва имон оварданд ва дар роҳи Паёмбар(с) (он асҳоб) аз зану фарзанду хешу табор ҳам гузаштанд ва бо падару фарзандонашон ҳам барои расидан ба ҳадафҳои Паёмбариаш ҷангиданд ва  ба баракати  ҳузуру вуҷуди у пируз шуданд ва онҳое, ки дар умқу вуҷуди дилашон меҳру муҳаббати Ӯро парвариш медоданд ва онро тиҷорате медиданд, ки бар соҳибаш зарару зиёне нахоҳад дошт ва ҳамон асҳобе, ки вақте ба Ӯ наздик шуданд ва Ӯро ёр гирифтанд, қабилаи худро аз даст доданд ва ҳамватанонашон аз онҳо дурӣ намуданд;

Худовандо! Пас барои асҳобу ёрони Муҳаммад(с), ончиро барои ту ва дар роҳи ту аз худ дур карданд ва аз дасташон рафт, аз назар дур накун ва онҳоро аз хушнудӣ ва ризоияти худат хушу розӣ гардон ва барои онки мардумро бар динат ҷамъ намуданд ва бо паёмбарат яксадо шуданд ва шаҳру ватани худро тарк намуданд ва аз зиндагии орому бо маишаташон гузаштанд ва сахтӣ ва ситамҳо диданд, фақат барои ин ки дини туро бузург намоянд, пас ба онҳо подош бидеҳ. Омин.

(Пайравон)



1 next