Рафтори нек дар хонавода – супориши Паёмбари Акрам (с)



 

Расули Акрам (с): «Беҳтарини шумо касе аст, ки беш аз дигарон бо ҳамсар ва фарзандонаш ба некӣ ва хубӣ рафтор намояд ва ман беҳтарини шумо нисбат ба аҳлу аёлам ҳастам».

Бархўрд бо занон

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Аз занони дигарон бигзаред, то аз занони шумо бигзаранд ва ба падаронатон некӣ кунед, то фарзандонатон ба шумо некӣ кунанд».

Атр барои зан ва мард

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Ҳар чашме (агар ба номаҳрам нигоҳ кунад) зинокор аст ва зане, ки атр бар худ бизанад ва дар маҷлисе биравад (ки бўи атрашро номаҳрам ҳис кунад) ҳукми зинокорро дорад».

Ҳақдортарин инсон бар зан

Оиша аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пурсид:

«Чӣ касе ҳақи бештар бар гардани зан дорад?»



1 2 3 4 5 6 next