Супоришҳои Пайғамбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба духтарон ва занон-II



Қисмати дуюм

Аҳамияти пўшидагии зан

Дар асари аҳмияте, ки Ислом нисбат ба пўшидагӣ ва ҳиҷоби занон медиҳад, дастур додааст, ки зан агар дар хонааш намоз хонад, беҳтар аз он аст, ки дар масҷид ва ба ҷамоат ҳозир шавад.

Зане назди Расули Худо омад ва гуфт: Ман мехоҳам намозамро ба ҷамоат бо шумо бихонам.

Ҳазрат фармуданд:

Медонам, ки дўст дорӣ бо ман намоз бихонӣ, вале бидон, ки намоз хондан дар хона бароят беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст ва намоз хондан дар масҷиде, ки ба хонаат наздиктар аст беҳтар аз намоз хондан дар масҷиди ман аст.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Тамоми бадани зан аврат аст».

Ва низ фармуданд:

«Беҳтарин макон барои намози зан пинҳонтарин ҷои хонааш мебошад».



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 next