Супоришҳои Пайғамбари Акрам (с) ба духтарон ва занонDeprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99 Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103 Ислом занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ў риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ў намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ў кардааст. Навиштаи Доктор Сайид Ҷамилӣ Тарҷумаи Машҳурахон Ҷавҳаризода Қисмати аввал Пешгуфтор Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ҳамду сипос Худовандро, ки Парвардигори оламиён аст ва дуруду таҳият бар фиристодаи амини ў Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) то рўзи қиёмат. Аммо баъд, ба дурустӣ, ки Ислом занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ў риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ў намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ў кардааст. Паёмбари бузургвори мо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ мардро ба эҳтирому икроми зан суфориш намуда ва ба фарзандон тавсия кардаанд, ки нисбат ба модарони хеш эҳтиром намоянд. Ҳамон гуна ки занро ба риояти ҳуқуқи шавҳар ва фарзандонаш тавсия намудаанд; ба иборати дигар зан бояд нисбат ба адои ҳуқуқи шавҳар ва фарзандон кўтоҳӣ накунад ва онҳо низ бояд риояти ҳоли зан ва модарро бинамоянд. Ибни Асокир аз Амири мўъминон Алӣ (а) нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳадисе нақл карда, ки фармуданд:
|