Каромати инсонӣ аз дидгоҳи ислом



Акрамхони Зиёдуллоҳ, коршиноси аршади илми торих ва маорифи исломӣ

Дар суханон ва калимоти пешвоёни исломӣ, метавон ба мизони аҳамияти мардум

ва нақши волои онон дар ҷомеаи исломӣ пай бурд; мардум дар нигоҳи исломӣ, аз муҳимтарин ҷойгоҳ ва манзилат бархӯрдоранд.

Аҳамият додан ба мардум ва боло бурдани ҷойгоҳи каромати инсонӣ, аз муҳимтарин унсурҳое ба шумор меояд, ки дар кишварҳои тавсиаёфта, аҳамияти бисёре ба он дода шудааст.

Аҳамият додан ба каромати инсонӣ, ба маънои таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи инсонҳо дар ҷомеа аст, то соҳиби шахсият, фикр ва халлоқият шаванд. Тавсиаи сиёсӣ замоне муяссар мешавад, ки афроди як ҷомеа ба унвони муҳимтарин воҳиди он, аз дараҷаи фикрӣ, огоҳӣ ва эътимод ба нафси болое бархӯрдор бошанд ва шахсияти фардӣ ва иҷтимоии хешро тақвият ва огоҳона бо масоили ҷомеа бархӯрд кунанд.

Дар суханон ва калимоти пешвоёни исломӣ, метавон ба мизони аҳаммияти мардум ва нақши волои онон дар ҷомеаи исломӣ пай бурд; мардум дар нигоҳи исломӣ, аз муҳимтарин ҷойгоҳ ва манзилат бархӯрдоранд.

Ба унвони намуна, дар суханони Имом Алӣ (к) - чаҳорумин халифаи мусалмонон, ки дар замони ҳукронияш хитоб ба вилоятдорон ва фармондеҳони худ эрод фармудааст, мебинем, ки дар бораи ҳуқуқи мардум ва лузуми риояти ҳоли онҳо, масъулияти вилоятдор дар баробари мардум, зарурати ҷалби ризояти омма, мудоро бо мардум, ҷонибдорӣ аз тӯдаи мардум дар баробари мансабдорон бисёр таъкид шудааст.

Дар яке аз номаҳои Имом Алӣ (к) хитоб ба Молики Аштар - волии Миср, равиши бархӯрд ва муомила бо мардум ва чигунагии ҳукумат бар онҳо, ин гуна тавсия шудааст:

“Меҳрубонӣ бо мардумро пӯшиши дили хеш қарор деҳ ва бо ҳама дӯсту меҳрубон бош. Мабодо мисли ҳайвони шикорӣ бошӣ, ки хӯрдани онҳоро ғанимат донӣ; мардум ду дастаанд; дастае бародари динии ту, ва дастаи дигар ҳамонанди ту дар офариниш ҳастанд...” (Наҳҷул-балоға; Аҳдномаи Молики Аштар).[1]

Каромати инсонӣ аз дидгоҳи Имом Алӣ (к), ки Молики Аштарро фармон ба пайравӣ аз он медиҳад, ба маънои мусовӣ ва баробар шуморидани мардум аст; яъне инсонҳо, бо ҳар ранг ё дину мазҳаб (чи кофир бошад ва чи мусалмон) дар қиболи ҳокими исломӣ, баробар ҳастанд.



1 2 next