Масҷид маҳалли таълиму тарбият



(Акрамхони Зиёдуллоҳ)

“Касе, ки субҳгоҳон равонаи масҷид шавад, танҳо ба ин хотир, ки хайреро фаро гирад (ёд гирад) ё омўзиш диҳад, подоши касеро дорад, ки умраи комиле анҷом додааст”

Масҷид, маҳалли ибодат ва бандагӣ ва макони таҷаммӯи мӯъминон аст. Масҷид қалби ҷомеаи исломӣ ва муҳимтарин маркази тамаддун ва фарҳанги исломӣ, маркази илму дониш ва таълимгоҳи фарзанди мусулмон ва мактаби инсонсоз ва маҳалли тарбияти мӯъминин аст.

Дар ривоёти исломӣ аз масҷид ба хонаи Худо, нишастгоҳи паёмбарон, сарои тақвопешагон, беҳтарин маконҳо ва боғи биҳиштӣ таъбир шуда ва пайваста бо ташвиқоти фаровон мусулмонон ба сӯи масоҷид ва ҳузури фаъол дар ин макони муқаддас фаро хонда шудаанд, то ба василаи унс гирифтан бо масҷид, бо Худои хеш унс бигиранд, ба Худои хеш наздикӣ ҷӯянд ва маорифи динии инсонсоз ва ҷомеапарварро, ки танҳо аз манбаи ваҳй метавон ба даст оварду бас, биомӯзанд.

Албатта инсон ҳама ҷо метавонад дар баробари азамати илоҳӣ сар фуруд оварад ва аз ин тариқ бо Худои худ робита барқарор намояд ва ба розу ниёз бо Парвардигори хеш бипардозад, аммо масҷид ба ҷиҳати фазилатҳо ва ҳикматҳое, ки дорад, макони бартар барои ибодат ва бандагӣ ва маҳалли ниёишу розу ниёзи банда бо мавлои хеш шуморида шудааст.

Барои густариши ҳарчӣ бештари ҳузури мардум дар масҷид, дар ривоёти исломӣ, бо таъбирҳои гуногун ва ваъда ба подошҳои фаровон, назири ончӣ дар зер ба онҳо ишора мешавад, мусулмонон барои омадан ба хонаи Худо мавриди ташвиқ қарор гирифтаанд:

- Барои бардоштани ҳар қадам ба сўи масҷид, даҳ ҳасана дар номаи аъмол сабт мешавад ва даҳ гуноҳ пок мегардад ва даҳ дараҷа дода мешавад.

- Рафтан ба сўи масҷид дар торикии шаб нуронияти хоссе барои аҳли масҷид падид меоварад.

- Ҳарчӣ масҷид дуртар бошад, савоби касе, ки ба масҷид меравад афзунтар мегардад.

- Пешқадамӣ дар рафтан ба масҷид пешқадамӣ дар наздикӣ ба Худо ва биҳишти ҷовид аст.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 next