Меъроҷ ва улуми ҷадид



Пурсишу посух

Савол: Меъроҷи ҳазрати Паёмбар (с) оё бо илми ҷадид чигуна тафсир мешавад. Тибқи илми ҷадид чигуна меъроҷро бифаҳмем?

Посух: Пеш аз ҳар чиз, барои беҳтар рӯшан шудани посух, нахуст лозим медонам, меъроҷро таъриф кунам.

Мафҳуми меъроҷ

Меъроҷ дар луғати араб аз моддаи “уруҷ” ба маънои боло рафтан аст. Аммо дар истилоҳ, меъроҷ иборат аст аз: “Сафари ҳазрати Паёмбар (с) ба осмонҳо.”

Бар асоси ривоёт, меъроҷи Расули Худо (с) дар тайи ду марҳила воқеъ шудааст:

а) Марҳилаи аввал, сайри он ҳазрат аз Масҷидул-ҳаром то Масҷидул-ақсо ва баръакс. Дар ояти аввали сураи Исроъ ин гуна ба он ишора шудааст: “Поку муназзаҳ аст Худое, ки бандаашро дар як шаб аз Масҷидул-ҳаром ба Масҷид-ул-ақсо сайр дод.” (Исроъ/1).

Ин марҳиларо дар китобҳои торих истилоҳан “Исроъ” меноманд.

б) Марҳилаи дуюм, ҳаракат аз Масҷидул-ақсо ба осмонҳост. Дар ин масир, ҳазрати Паёмбар (с) тибқи ривоёт, бо анбиёи илоҳӣ дидору гуфтугӯ кардаанд ва биҳишту дӯзах ва оятҳои бузурги илоҳиро мушоҳида намудаанд. Ин марҳиларо истилоҳан “Меъроҷ” меноманд.

Достони меъроҷ



1 2 3 4 5 6 7 8 next