Мавлоно ва ояти “Ал-хабисоту лил-хабисин...”Deprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99 Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103 Сайидюнуси Истаравшанӣ Он фаридуни ҷаҳони маънавӣ, Бас бувад бурҳони зоташ Маснавӣ. Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб, Нест пайғамбар, вале дорад китоб. Яке аз роҳҳое, ки Қуръони Карим барои фаҳмондани маъное муайян, аз он баҳра ҷустааст, тамсил аст. Мавлавӣ низ, дар Маснавияш, ки бетардид “Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавӣ”, ин шеваро нек ба кор баста. Мавлавӣ маорифи баландеро, ки дар Қуръон омада ва пай бурдан ба маонии он ба осонӣ муяссар нест, бо тамсил ба азҳон наздик кардааст. Тамсил, яъне мисол задан ва ташбеҳ кардани чизе ба чизе. Масалан, Худованд дар Қуръон дар баёни ҳоли касоне, ки илм доранд, вале ба дониши худ амал намекунанд, чунин касонеро ба хар ташбеҳ намуда, мефармояд: “Достони касоне, ки Таврот бар онҳо ниҳода шуд (яъне мукаллаф шуданд, ки онро ба кор бибанданд), вале онро барнадоштанд ва ба кор набастанд, ҳамчун достони харе аст, ки китобҳоеро бар дӯш бардоштааст; бад (достоне) аст достони гурӯҳе, ки оятҳои Худоро дурӯғ шумурданд ва Худо гурӯҳи ситамкорро роҳ нанамояд.” (Ҷумъа/5). Мавлавӣ низ дар Маснавии безаволаш барои баёни бархе аз маонӣ, тамсилоти хубе дорад. Ҳол, як намуна аз онҳоро дар ин навиштор ёдовар мешавам. Дар Қуръони Карим ояте ҳаст, ки мефармояд: “Ал-хабисоту лил-хабисин вал-хабисуна лил-хабисот, ват-тайиботу лит-тайибин ват-тайибуна лит-тайибот...”, яъне “Занони палид барои мардони палиданд ва мардони палид барои занони палид, ва занони пок барои мардони поканд ва мардони пок барои занони пок...” (Нур/26). Ин оят, дарбардорандаи як маънои бас амиқ ва волое аст, аммо даркаш барои ҳар инсоне ба соддагӣ муяссар нест. Мавлои Рум барои тафҳими ин маънои воло барои инсон, тамсили муносибе меоварад. Достоне нақл мекунад ва зимни ҳикояти он достон, мазмуни ин оятро табйин менамояд. Достон ҳам, достоне ширин аст.
|