Аз куҷо бидонем, ки намозҳои мо қабули даргоҳи ҳақ шудаанд?



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гар бипурсӣ Габрро к-ин осмон,

Офарида(и) кист в-ин халқу ҷаҳон?

Гӯяд ӯ к-ин офаридаи он Худост,

К-офариниш бар худоиаш гувост.

Куфру фисқу истами бисёри ӯ,

Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори ӯ?

Мо, ки иддаои мусалмонӣ ва бандагии Ҳақро дорем ва намоз мегузорем ва дар баробари Ӯ Таоло сар ба саҷда мениҳем, умедворем намозамон қабули даргоҳаш бигардад, ва агар на, мутмаин бошем, аз намозу ибодати мо, ба ҷуз ин ки лаҳазоте нишастаему дақоиқе баланд шудаему чанд ҷумалоте ҳам ба забон ҷорӣ сохтаем ва хулоса хештанро чанд дақиқа хаста намудаем, чизе оидамон намешавад.

Ин ки намозу ибодати чӣ касе мавриди қабули даргоҳи Худованди Маннон мешавад ва ниёиши кадомин касе қабули пешгоҳи Ӯ нахоҳад шуд, ҷуз худи Парвардигор намедонад; бад-ин ҷиҳат аст, ки умедворем, ба бузургӣ ва азамати худ, ибодатҳои ноқиси мо - бандагони сар то по олуда ба гуноҳро бипазирад.

Аммо, чунин ҳам нест, ки барои банда тамоман номаълум бошад, ки ибодоташ, бавижа намозаш, оё қабули даргоҳи Худо шудааст ё нашуда? Қуръони Карим, аломатҳоеро ба унвони нишонии қабулии намоз, бароямон ёдовар шудааст. Аз ҷумлаи ин нишониҳо, яке, боздории намоз аз анҷоми фаҳшо ва мункарот тавассути намозгузор аст; яъне ҳаргоҳ ибодати намозгузор ӯро аз анҷоми аъмоли зишту нописанд боздорад ва ҳоли ӯ пас аз намоз, ғайр аз ҳоли вай пеш аз адои намоз бошад, бидонад, намозаш қабули пешгоҳи Худованд шуда.



1 2 3 4 5 6 7 next