Ҳузури қалб дар намоз (Саволу ҷавоб)



Савол: Ҳузури қалб дар намоз чист ва чӣ кор кунем, ки дар намоз ҳузури қалб дошта бошем?

Ҷавоб: 1-Ҳузури қалб дар намоз чист?

Дар ин маврид, қалб ин ҷо ба маънои фикру ҳавос ва ҳузур ба маънои ҳозир будан ва таваҷҷӯҳ ва диққати лозимро доштан аст ва мурод аз ҳузури қалб дар намоз он аст, ки дар вақти намоз фикру ҳавосси инсон ҳузур дошта бошад ва фикраш дар ҷои дигар набошад. Бар ҳамин асос, намозгузор бояд бидонад, ки дар баробари кӣ истодааст ва бо ӯ чӣ мегӯяд. На ин ки забонаш алфози намозро адо кунад, вале ҳавосаш дар паи умури дигаре бошад.

Аммо дар сурати надоштани таваҷҷӯҳ дар намоз, агарчи намозаш ботил нест ва ба хотири ин ки дастури Худовандро иҷро намудааст, дар рӯзи қиёмат ҳам азоб нахоҳад шуд, лекин савоби намоз ҳам ба ӯ дода нахоҳад шуд, зеро дар намоз бо Худованд робита надоштааст то ҳақ таоло ба ӯ подоше бидиҳад, балки сари намоз фикраш барои дунё кор мекард на барои Худованди Бузург, албатта ба миқдоре, ки дар намоз ҳузури қалб дошт, савоб ба ӯ дода мешавад.

Расули Акрам (с) дар ин бора мефармоянд: “Ду ракъат намози ботафаккур ва таваҷҷӯҳ ва бо ҳузури қалб, беҳтар аз як шаб намози бидуни ҳузури қалб аст”.

Ҳамчунин фармуданд: “Худованд намози касеро, ки қалбаш бо баданаш ҳозир набошад, қабул намекунад”.

Дар ривояти дигаре омадааст: “Ибодате, ки дар он таваҷҷқӯҳ ба Худо ва дарку фаҳм набошад арзише надорад”.

Расули Худо (с) фармуданд: “Ду ракъат намози шахси мутааҳҳил (касе, ки издивоҷ кардааст) беҳтар аз ҳаштоду ду ракъат намози касе аст, ки издивоҷ накардааст (ва муҷаррад аст)”.

Расули гиромии ислом (с) дар мавриди бартарии намози намозгузор ҳамчунин фармудаанд: “Ду ракъат намози олим ба дин болотар аз ҳафтод ракъат намози ғайри олим аст”.

Намозгузор бояд саъй кунад, ончунон дилашро таваҷҷӯҳ ба маонии намоз ва Худованди бузург намояд, ки аслан мутаваҷҷеҳ нашавад чӣ касе дар тарафи росту чапаш истодааст; Расули Акрам (с) мефармоянд: “Касе, ки ҳангоми намоз қасдан бидонад, ки кӣ дар тарафи росту чапаш қарор дорад, намозаш воқеӣ нест”.



1 next