Нигоҳе ба фазоили ҳазрати Фотимаи Заҳро (р)



“Фотима пораи тани ман аст, ҳар кас ӯро ба хашм оварад, маро ба хашм овардааст.” (Паёмбар Акрам (с))

Фотимаи Заҳро (р), духтаре аст аз падаре ҳамчун Паёмбар (с) ва модаре фидокор ҳамчун Хадиҷа (р). Бо таваллуд ёфтани ӯ, таъну сарзанишҳои мушрикон, ки Паёмбарро бидуни насл мепиндоштанд, нақши бар об шуд ва ба мазмуни сураи “Кавсар”, Фотимаи Заҳро (р) чашмаи ҷӯшоне барои идомаи дудмони Паёмбар (с) ва хайри фаровоне дар тӯли қарнҳо ва асрҳо то рӯзи қиёмат шуд.

Ин бонуи биҳиштӣ даҳ ном дошт, ки ҳар кадом аз дигаре пурмаънотар ва баёнгари авсофу баракоти вуҷуди пурбаракати ӯст: Фотима, Сиддиқа, Тоҳира, Муборака, Закия, Розия, Марзия, Муҳаддаса, Заҳро, Батул.

Ҳамаи торихнигорон ва арбоби ҳадис навиштаанд, ки Паёмбар (с) нисбат ба духтараш Фотима (р) алоқаи аҷибе дошт ва Фотима дорои фазоили фаровоне буд.

Рӯшан аст, ки алоқаи Паёмбар (с) танҳо ба хотири робитаи падарӣ ва фарзандӣ набуд, ҳарчанд ин отифа дар вуҷуди Паёмбар (с) мавҷ мезад, аммо таъбирот ва суханоне, ки он ҳазрат ҳангоми изҳори муҳаббат нисбат ба духтараш Фотима (р) баён мекард, нишон медод, ки дар ин ҷо, меъёрҳои дигаре матраҳ аст:

Ин муҳаббат аз муҳаббатҳо ҷудост,

Ҳубби маҳбуби Худо, ҳубби Худост.

Аз миёни ривоёти фаровоне, ки дар ин замина расида, кофист фақат ба чанд то аз онҳо ишора кунем:

1. Паёмбар Акрам (с) фармудаанд: “Нахустин касе ки дар биҳишт бар ман ворид мешавад, Фотима духтари Муҳаммад аст.”[1]

2. Паёмбари Акрам (с) фармудааст: “Бартарин занони биҳишт Хадиҷа духтари Хувайлид аст ва Фотима духтари Муҳаммад ва Марям духтари Имрон ва Осия духтари Музоҳим (ҳамсари Фиръавн) мебошанд.”[2]



1 next