Латоифи ахлоқӣ



Ҳунарат чист?

Аъробиро дидам, ки писарро ҳамегуфт: “Ё бунайя! Иннака масъулун явмал-қиёмати мозо иктасабта ва ло юқолу биман интасабта”; (рӯзи қиёмат) туро хоҳанд пурсидан, ки ҳунарат чист, нагӯянд, ки падарат кист?

Ҷомаи Каъбаро, ки мебӯсанд,

Ӯ на аз кирми пилла номӣ шуд

Бо азизе нишаст рӯзе чанд

Лоҷарам ҳамчу ӯ гиромӣ шуд

(Гулистон, ҳикояти 8)

Оқибати хиёнат

Ба рӯзгори дур ду марди кунҷидфурӯш будаанд ва ҳар дуро дӯкон яке буд. Аз ин ҳар ду якеро ҳирси молу нисёни ҳол ба он овард, ки бо худ андеша кард, ки имшаб биёям ва кунҷиди ҳамдӯкон бидуздам. Ва биёмад ва ридои худ бар кунҷиди ҳамдӯкон пӯшид, то чун ба торикӣ биёяд, кунҷиди ёр аз они худ бозшиносад ва бирафт.

Чун ҳамдӯкон ба ҷойгоҳи худ бозомад, ридо дид бар кунҷиди худ пӯшида. Гуфт: “Ҳамдӯкони пуршафқату мутаҳаннин (меҳрубон) ман дорам, ки ба ридои худ кунҷиди маро аз гарду хок пӯшонидааст. Ва ба ҳар ҳол, ридои ӯ бар кунҷиди ӯ авло (сазовортар).” Ридои ӯ аз кунҷиди худ бардошт ва бар они вай пӯшида ва бирафт.



1 2 next