Саховатмандӣ дар ислом



Акрамхони Зиёдулло

Саховат – яъне бахшиши мол пеш аз суоли соил.

Саховат – яъне бахшиш ба миқдори эҳтиёҷ ба ниёзманд.

Саховат – фоида расондан ба дигарӣ бидуни ҳеҷ гуна чашмдоште.

Саховат – яъне касрати бахшиш бидуни суоли ниёзманд.

Саховатмандӣ аз сифоти писандидаи инсонӣ аст, ки оини муқаддаси ислом бар он таъкиди фаровон дорад.

Саховатмандӣ дар ислом аз шарифтарини ахлоқиёт аст.

Саховатпешагӣ наҷотбахши инсон дар дунёву охират аст ва аз машҳуртарин сифоти анбиё ва авлиёи Худованд аст.

Саховатмандӣ барои инсон маҳбубият, нишоти дил, муфид гардидан барои мардум, зиёд шудани дӯстон ва некномиро дар дунё ба армуғон меоварад ва дар охират низ саодати ҷовидон, вуруд ба биҳишт ва мағфирати илоҳиро насиби инсон мегардонад.

Уламои ахлоқи исломӣ роҳҳоеро барои касби ин сифати баргузида баршумурдаанд, ки ба чанде аз он роҳҳо ишора менамоем; аз ҷумлаи роҳҳои таҳсили саховатмандӣ: тааммул бар осори пурбаракати саховат; шинохти ҳуқуқи воҷиб ва адои он; Худовандро молики ҳақиқии ҳама чиз донистан; ширкат дар умури оммулманфиа ва касби фазоили зуҳд мебошад.



1 2 next