Ҳадаф аз ахлоқ, наздик шудан ба Худо



Аллома Ҷаводии Омулӣ, донишманд, муфассир ва орифи замона, дар суханроние дар ҳамоиши “Нигоҳи нав ва андешаи бартар” изҳор дошт: “Рисолати марокизи илмии динӣ дар ин аст, ки роҳи анбиёи илоҳиро тай кунанд.”

Ин орифи вораста, зимни ташреҳи рисолати анбиёи илоҳӣ, хотирнишон кард: “Анбиёи илоҳӣ ду рисолати вазин доштанд, ки яке ба қаламрави илм, ва дигаре, ба қаламрави амал бармегардад. Дар бахши илм, Худои Субҳон рисолати анбиёи илоҳиро “Шуморо китобу ҳикмат меомӯзад” (Бақара/151) табйин кард, ва дар қаламрави амал, бо “Шуморо пок месозад” (Бақара/151) ташреҳ кард.

Вай идома дод: “Гарчи дар баъзе аз оятҳо, таълим қабл аз тазкия (поксозӣ) зикр шудааст, лекин дар фарҳанги Қуръони Карим, таълим муқаддима аст ва тазкия муқаддам. Он ҷо ки тазкия муқаддам шуд, риояти он, тақаддуми маънавӣ аст ва он ҷо ки таълим муқаддам шуд, риояти он, муқаддима будан аст.”

Ҷаводии Омулӣ гуфт: “Рисолати марокизи илмии динӣ он аст, ки маорифи илоҳиро ба фузало ва туллоб мунтақил ва ақли амалии онҳоро шукуфо кунанд ва ҳамон коре, ки анбиёи илоҳӣ мекарданд, ироа диҳанд.”

Вай бо ишора ба ҳадисе аз ҳазрати Алӣ (а) дар мавриди анбиёи илоҳӣ, суханони худро ин гуна идома дод: “Тибқи баёни нуронии Амири мӯъминон Алӣ (а), анбиёи илоҳӣ омаданд, то ганҷинаҳои ақли назариро бо таълими китобу ҳикмат ва дафинаҳои[1] ақли амалиро бо “Шуморо пок месозад” шукуфо кунанд.

Ин муфассири барҷастаи Қуръони Карим хотирнишон кард: “Олимоне муваффақ ҳастанд, ки ин ду вазифаи муҳимро анҷом диҳанд, ки ворисони анбиёи илоҳӣ бошанд. Аз ҳар олиме сохта нест, ки дар бахши назар, сарпарасти китобу ҳикмат бошад ва дар бахши амал масъули тазкия.”

Ҷаводии Омулӣ изҳор дошт: “Он олиме, ки вориси Паёмбар (с) ва ҷузъи “Уламо ворисони Паёмбаронанд” аст, тавони ин корро дорад.”

Вай дар фарози дигаре аз суханони худ, бо ишора ба аносури меҳварии марокизи илмии динӣ гуфт: “Агар дар як маркази илмии динӣ ақоид ва усули дин ва улуми ақлӣ матраҳ набошад, ояти муҳакама матраҳ нашудааст. Агар дар як маркази илмии динӣ фиқҳу ахлоқу ҳуқуқ набошад, фаризаи одила ва суннати қоима нест. Бинобар ин, марказе комёб ва муаффақ аст ва дафинаҳои ақлӣ ва амалиро метавонад шукуфо кунад, ки ин аносури меҳвариро тибқи раҳнамуди Паёмбари Ислом (с) эҳё кунад.”

Ин устоди барҷастаи ахлоқ, ҳадаф аз ахлоқро наздик шудани инсон ба Худои Субҳон дониста ва тасреҳ кард: “Агар инсон ба Худои Субҳон наздик шуд, ҳақ барои ӯ рӯшан ва ботил барои ӯ ошкор хоҳад шуд, яъне ҳам ҳақро ташхис медиҳад ва ҳам ботилро мешиносад; ҳам ҳақгаро ва ботилгурез мешавад ва ҳам мефаҳмад ва ба Худо алоқа пайдо мекунад.”

Ҷаводии Омулӣ дар фарозҳои поёнӣ таъкид кард: “Барои ин ки инсон ба Худо наздик бишавад, ду унсур лозим аст: яке ин ки инсон худро бишносад, ва дигар ин ки Худоро бишносад.”



1 next