Ғайбат ва бадгӯӣ



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дини мубини ислом дар айни он ки мусалмононро ба анҷоми рафторҳое писандида чун некӯкорӣ, навъдӯстӣ ва кӯмак ба ниёзмандон ва дигар фазоили ахлоқӣ мехонад, аз анҷоми рафторҳои зишт ва кирдорҳои нописанд низ бозмедорад. Яке аз рафторҳои бисёр нописанд, ки аз нигоҳи ислом ба шиддат накӯҳиш шудааст, ғайбат ва бадгӯӣ аст.

Ғайбат он аст, ки “бародари динии худро ба сифате ёд кунӣ, ки агар ба гӯшаш бирасад, мояи нороҳатии вай шавад.” ([1])

Худои Таоло ғайбаткунандаро касе медонад, ки гӯшти ҷасади мурдаи касеро мехӯрад, ки ғайбаташ мекунад: “Баъзеи шумо баъзеи дигарро ғайбат накунад. Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти ҷасади мурдаи бародарашро бихӯрад?” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12)

Аз дидгоҳи ислом, ғайбат бар ҳар мусалмоне ҳаром ва ғайбаткунанда гунаҳкор аст. Паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳммад (с) мефармоянд: “Ҳар мусалмон бар мусалмони дигар ҳурмат дорад: хунаш, молаш ва номусаш.” ([2])

Яъне ҳеҷ мусалмон ҳақ надорад хуни бародари мусалмони дигарашро бирезад, моли ӯро ба ноҳақ соҳибӣ кунад ва номусашро поймол созад, зеро аз гуноҳони бузург аст ва оқибати анҷомдиҳандаи он ҷуз оташи ҷаҳаннам нест. Ҳаргоҳ бародареро ғайбат кардем, номуси ӯро поймол сохтаем.

Аз манзари дини мубини ислом, ғайбат ва бадгӯӣ, бадтар аз амали зиност. Ҳазрати Паёмбар (с) мефармоянд: “Барҳазар бошед аз ғайбат кардан, зеро ғайбат бадтар аз зиност; чаро ки мард, ки зино мекунад, метавонад тавба кунад ва Худо тавбаашро бипазирад, аммо ғайбаткунанда то он замон ки ғайбатшуда ӯро набахшад, Худованд ӯро нахоҳад бахшид.” ([3])

Ғайбат, чунон аъмоли неки инсонро маҳв мекунад, ки оташ ҳезуму ҷӯбро аз байн мебарад. Дар ривоят омадааст: “Ғайбат кардан бар ҳар мусалмоне ҳаром аст ва ҳамоно ғайбат гуноҳест, ки монанди оташе, ки ҳезумро месӯзонад, корҳои савоб ва хайри ғайбакунандаро аз байн мебарад.” ([4])

Чӣ гуна худро аз ғайбату бадгӯӣ раҳо созем?

Имом Ғаззолӣ (р) дар ин замина мегӯяд: бидон, ки беҳтарин роҳи парҳез ва дурӣ аз ғайбат ин аст, ки худро ба айбҳои худат машғул кунӣ ва дар андешаи бартараф сохтани айбҳои худ бошӣ, онгоҳ дигар вақте бароят боқӣ намемонад, ки худро ба айбҳои дигарон машғул созӣ. Паёмбар (с) мефармоянд: “Хушо ба ҳоли он кас ки айбҳояш ӯро аз айбҳои дигарон андармон кунад!” ([5])



1 next