Рози густариши оини ислом



Аз замоне ки исломҳаросӣ ва исломситезӣ дар Ғарб шиддат гирифт, ба вижа дар даҳаи ахир, муносибати мағрибзаминиён ба ин ойини осмонӣ, бар хилофи пиндори мо одамиён

ва алорағми хостаи доираҳое кучак дар Ғарб, ки падидаи шуми исломҳаросиро роҳ андохтанд, на ин ки рӯ ба бадӣ оварда бошад, балки ҳар андоза, ки мардумони он сарзаминро аз ислом ҳаросониданд, ба ҳамон андоза – ва балки бештар – инсони ғарбӣ рӯ ба ин ойини пок овард.

Мо одамиён, ғолибан бар асоси меъёрҳои заминӣ ашёро арзёбӣ мекунем ва бештари авқот таваҷҷӯҳ ба ҳисобу китобҳои худоӣ надорем. Вақте мебинем касоне шамшери душманӣ алайҳи ислом мекашанд ва ё ба иллати кинае, ки нисбат ба ин ойин дар дил доранд, дини ростини моро воруна нишон медиҳанд; боре “ойини террурисм”-аш мехонанд ва боре ҳам ба “тундравиву ифрогароӣ” муттаҳамаш мекунанд, фикр мекунем чунин кунишҳои ноҷавонмардонаашон таъсиргузор хоҳад уфтод ва таблиғоти заҳрогини онон мояи бадбин шудани мардумони ҷаҳон ба ислом ва сабаби коҳиши густариши он хоҳад шуд ва он гоҳ навъе йаъсу ноумедӣ моро фаро хоҳад гирифт. Аммо, алорағми ин, мебинем ойини мо рӯз аз рӯз дурахшонтар ва бар шумори пайравон ва гаравандагонаш дар ҷаҳон афзунтар мешавад. Розаш чист?

Пеш аз баёни ин роз, лозим медонам ба ин нукта ишора намоям, ки бо диди заминӣ ва бар асоси меъёрҳои хокӣ, мо дуруст меандешем ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки вазифа дорем аз ойинамон дифоъ бинамойем ва диншиносони мо камар ба рафъи ин гуна шубуҳоту иттиҳомоти бепоя бибанданд, на ин ки бо амалкарди нобихрадона, баҳона ба дасти кинатӯзон бидиҳем, ки мутаассифона, бархе аз аҳмақони мусалмоннамо, аҳёнан даст ба корҳое мезананд, ки боис мешавад он иттиҳомот ва шойеъот қувват бигирад.

Оре, мо вазифа дорем заминӣ фикр кунем ва мисли соири хокиён, бо такя бар асбоби заминӣ, дар баробари ин иттиҳомот ба дифоъ аз ойинамон бархезем, аммо амалкарди душманони кинатӯз ва саъю талоше, ки барои костани маҳбубияти ислом дар дилҳои мардумони ҷаҳон ба харҷ медиҳанд, ҳаргиз моро ноумед насозад ва фикр накунем, ки талошашон ба натиҷа хоҳад расид.

Мо набояд лаҳзае ин ҳақиқатро фаромӯш бикунем, ки ин ойин соҳиб дорад. Соҳиби ин ойини ростин худи Худованд аст; Худойе, ки ваъда додааст динашро ҳифз бикунад: “Мо худ зикр (Қуръон)-ро фурӯ фиристодем ва худ ӯҳдадори ҳифзаш ҳастем” (Ҳиҷр/9). Худованд тасреҳ мекунад, ки алорағми хости душманони ин дин, ойинашро пойдор ва шуъои нури онро дар саросари гетӣ бигустаронад: “(Кинатӯзон) мехоҳанд нури Худоро бо даҳонашон хомӯш кунанд ва Худо ҷуз ин намехоҳад, ки рӯшноии худро тамом ва ошкор созад, агарчи кофирон нахоҳанд”. (Тавба/32). Чаро ки ин ойин, ойини ҳақ аст, ва ҳақ ҳамвора пирӯз ва ботил ҳамеша мағлуб аст: “...Худо мехоҳад ҳақро бо суханони худ устувор ва пойдор кунад ва бунёди кофиронро барандозад, то ҳақ (ислом)-ро пойдор ва ботилро нест гардонад, агарчи бадкорон нахоҳанд”. (Анфол/7-8). Ин аст рози ҷовидонагии ислом ва густариши рӯзафзуни он дар саросари гетӣ, алорағми душманиҳои кинатӯзону бадхоҳон.

Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймз (The New York Times) дар гузориши ду рӯз пеши худ (07.01.2011), аз густариши рӯзафзуни ислом дар миёни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи Амрико, ба вижа ақаллиятҳои кубоӣ, мексикӣ, испониёӣ ва думиниканӣ, ки 35 дарсад аз раҳбарони Маркази исломии Ҳудсон (North Hudson Islamic Educational Center) дар Нюҷерсиро ташкил медиҳанд, хабар дод.

Дар ин гузориш омадааст: “Бар асоси охирин таҳқиқоти анҷомшуда, ҳар сола 200 000 амрикоӣ ба дини ислом мегараванд, ки бештари онҳо испониёизабон ҳастанд”.

Ва дар ҳолест, ки ҳамагон огоҳ ҳастем, ки дар ин даҳаи ахир, чӣ талошҳое дар ҷиҳати бад нишон додани чеҳраи ойини поки ислом дар Ғарб, ба вижа Амрико, анҷом гирифтааст.

Дар Англистон низ, дар солҳои ахир, шоҳиди гаройиши рӯзафзуни шаҳрвандони ин кишвар ба ойини муқаддаси ислом ҳастем. Бар асоси таҳқиқи ҷадиде, ки тавассути як муассисаи таҳқиқотии англисӣ бо номи Фис Мотерз (Faith Matters) анҷом шуда ва натоиҷи он чанд рӯз пеш (04.01.2011) дар рӯзномаи Индипендент мунташир шуд, ҳар сола 5000 нафар аз шаҳрвандони англисӣ ба ислом рӯй меоваранд ба гунае ки теъдоди тозамусалмонон дар солҳои ахир дар ин кишвар ба 100 ҳазор нафар расидааст.



1 next