Паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) - 1



Роҳҳои исботи ҳаққонияти паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)

Донишмандони илми ақоид барои исботи ҳаққонияти нубуввати ҳар паёмбаре маъмулан се роҳро матраҳ мекунанд:

1.                 бояд мўъҷиза дошта бошад;

2.                 нубаввати ў ба воситаи паёмбари пеш аз ў башорат дода шуда бошад;

3.                 маҷмўае аз шоҳидҳо ва қароине вуҷуд дошта бошад, ки ба нубувват ва паёмбарии ў ҳукм намояд.

Ҳоло, бояд бубинем, ки оё ин се шарти мазкур дар мавриди нубуввати ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ёфт мешаванд?

1. Мўъҷизаҳои ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)

Аз ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мўъҷизаҳои фаровоне нақл шудааст, вале муҳимтарин мўъҷизаи ў Қуръони Карим аст, ки мўъҷизаест ҷовидон. Паёмбарони пешин (чун Иброҳим, Мўсо ва Исо), ки ҳам китоби осмонӣ доштанд ва ҳам мўъҷиза, мўъҷизаашон чизе ғайр аз китоби осмонияшон буд, аз қабили табдил шудани оташи сўзон ба “гулистон” ё аждаҳо шудани асо ва ё зинда шудани мурдагон. Бадеҳист, ки ҳар кадом аз ин мўъҷизаҳо, амре муваққат ва зудгузар буд. Вале мўъҷизаи Хотами паёмбарон, худи китоби ўст. Китоби ў дар айни замон, ҳам китоб аст ва ҳам бурҳон ва далели рисолаташ. Ва ба ҳамин далел, мўъҷизаи хотам бар хилофи дигар мўъҷизаҳо, ҷовидон ва боқист, на муваққат ва зудгузар.

Аз навъи китоб будани мўъҷизаи Хотами паёмбарон чизест мутаносиб бо асру замонаш, ки асри пешрафти илму дониш ва тамаддуну фарҳанг аст. Ва ин пешрафтҳо имкон медиҳад, ки ба тадриҷ ҷанбаҳое аз мўъҷиза будани ин китоби карим ошкор гардад, ки қаблан ошкор набудааст, ҳамчунон ки ҷовидонагии он мутаносиб аст бо ҷовидонагии паём ва рисолате, ки барои ҳамеша боқӣ ва насхнопазир аст. Инак, ба тафсил дар бораи ин китоби осмонӣ, ки мўъҷизаи Хотами паёмбарон аст баҳс ба амал меоварем:

Қуръон



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 next