Исро ва меъроҷи Расули Акрам (с)



Дар канори даҳҳо мӯъҷизаҳое, ки аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст, яке аз онҳо, меъроҷи он ҷаноб (с) мебошад. Дар ин ҳодиса, ибтидо ҷанобаш (с)-ро шабона аз Масҷидул-ҳаром то Масҷидул-ақсо сайр медиҳанд ва пас аз он, ба осмони ҳафтум ва то ҷое ки касе ҷуз Худованди Мутаол ҳузур надорад боло мебаранд. Тибқи ривоёти исломӣ, тамоми ин моҷаро, дар бедории он ҳазрат (с) буда ва бино бар назари аксари уламо, бо ҳамин бадани ҷисмонӣ иттифоқ афтода, на дар хоб ё бо руҳ.

Ин ҳодиса, ҳамсони соири мӯъҷизаҳое, ки дар Қуръони Карим нақл шудааст, мавриди инкори бархе аз кӯтаҳандешон қарор гирифта; ҳамон касоне ки мехоҳанд вуқӯи ҳар ҳодиса ва рухдодеро фақат дар чорчӯба ва маҳдудаи қавонини ҳоким бар олами модда ва моддиёт тафсир карда ва ҳар он чиро ки маҳкум ба ин қавонин нест, “афсона” қаламдод намоянд.

Аммо ногуфта намонад, ки шояд сабаби “афсона” донистани назири рухдодҳое чун меъроҷи он ҷаноб (с) тавассути он кӯтаҳандешон ин бошад, ки уламо ва донишмандони исломӣ, ба хубӣ натавонистаанд аз ӯҳдаи тафсири онҳо ба гунае ки тавҷеҳпазир бошад бароянд. Зеро, дида мешавад бештари муфассирон, дар заминаи тавҷеҳи ҳаққонияти вуқӯи ин гуна рухдодҳо, ба ҳамин басанда кардаанд, ки бигӯянд, чун дар манобеи исломии мо вуқӯи амсоли чунин ҳаводисе нақл шудааст, дигар чуну чаро надорад ва мо, ба ҳукми мусалмонӣ, чорае ҷуз қабули онҳо надорем.

Албатта, ин ки гуфтаанд: ба ҳукми мусалмонӣ, чорае ҷуз қабул надорем, аз як тараф сухане комилан дуруст аст, бад-ин сабаб, ки чун ҳаққонияти Қуръону нубуввати ҳазрати Паёмбар (с) ба далели ақл собит аст, бинобар ин, ҳар он чи дар Қуръони Карим ва суханони он ҳазрат (с) омадааст, ҷуз ҳақ намебошад.

Вале, аз тарафи дигар, бар уламо ва донишмандони мо лозим аст порае аз масоилеро, ки фаҳму дарки дурусти онҳо сабаб хоҳад гардид то кӯтаҳандешон, дар инкори вуқӯи рухдодҳое чун меъроҷи он ҷаноб (с) нашитобанд, ва ё лоақал бигӯянд: мо нафаҳмидем ва айб дар мост, ки нафаҳмидем, на ин ки зуд инкораш намоянд, тавзеҳ бидиҳанд. Дар ин навиштор бар онем то ба шарҳу тавзеҳи порае аз ҳамин масоил бипардозем.

Аммо дар оғоз лозим аст бо такя бар ривоёти саҳеҳ, асли моҷарои меъроҷи он ҷаноб (с)-ро нақл кунем.

Асли моҷарои меъроҷ:

Шабе ҳазрати Ҷабраили Амин (а) ҳузури Паёмбари Акрам (с) расид ва гуфт: “Эй Муҳаммад! Бархез ва бо мо ҳамсафар шав, ки сафаре дуру дароз дар пеш дорем”. Ҷабраили Амин (а) маркабе ба номи Буроқро пеш овард. Муҳаммад (с) бо ҳамин маркаб ба сӯйи Байтул-муқаддас равона шуд ва дар муддати бисёр кӯтоҳе дар он маҳал фуруд омад. Дар Масҷидул-ақсо бо ҳузури паёмбарони бузурге чун Иброҳим (а), Мӯсо (а) ва Исо (а) намоз гузорид. Имоми ҷамоат низ Паёмбари Акрам (с) буд. Сипас, аз Масҷидул-ақсо, Байтул-лаҳм (зодгоҳи ҳазрати Исо (а)) ва хонаҳои паёмбарон дидан кард. Паёмбар (с) дар бархе ҷойгоҳҳо, ба шукронаи чунин сафаре, ду ракъат намози шукр ба ҷой овард.

Он гоҳ марҳилаи дуюми сафари худро, ки ҳаракат ба сӯйи осмонҳои ҳафтгона буд, оғоз кард. Паёмбар (с) ҳамаи осмонҳоро яке пас аз дигаре паймуд ва сохтори ҷаҳони болоро дид, вале дар ҳар осмон ба саҳнаҳои тозае бармехӯрд ва бо арвоҳи паёмбарон ва фариштагон сухан мегуфт. Ӯ дар баъзе осмонҳо бо дӯзаху дӯзахиён ва дар баъзеи дигар бо биҳишту биҳиштиён бархӯрд кард ва аз марокизи раҳмат ва азоби парвардигор боздид ба амал овард. Эшон, дараҷаҳои биҳиштиён ва ашбоҳи дӯзахиёнро аз наздик мушоҳида кард.

Саранҷом ба “Сидратул-мунтаҳо” дар осмони ҳафтум ва “Ҷаннатул-маъво” (биҳишти баррин) расид ва дар он ҷо, осори шукӯҳи парвардигори ҳастиро дид. Ҳазраташ (с) чунон авҷ гирифт ва ба ҷое расид, ки ҷуз Худо, ҳеҷ мавҷуде ба он ҷо роҳ надошт, ҳатто Ҷабраили Амин (а) аз ҳаракат бозистоду гуфт: “Ба яқин, агар ба андозаи сари ангуште болотар оям, хоҳам сӯхт”.



1 2 3 4 next