Фалсафаи шурур ва бадиҳо



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба хилофи пиндори бархе, мабоҳиси фалсафӣ, печидагӯӣ ва ё беҳудасаройӣ нест, ва ҳамчунин, пурсишҳое, ки дониши фалсафа ӯҳдадори посух ба онҳост, масоиле нест, ки танҳо зеҳни як қишри муайян аз ҷомеаро ба худ андармон сохта бошад, балки ҳар инсоне, ҳар кӣ ҳаст, бо онҳо рӯбарӯ ва дар ҷустуҷӯи ёфтани посухашон мебошад. Бад-ин ҷиҳат, ҳунари як файласуф он аст, ки бо забони сода ва бидуни ба кор бастани вожаҳо ва истилоҳоти печида ва номафҳум барои мардумон, масоили фалсафиро баён кунад.

Ҳол, яке аз пурсишҳое, ки пеши ҳамагон худнамоӣ карда, эшонро водор барои пайдо намудани посухи қаноатбахш месозад ин пурсиш аст, ки: чаро мо одамиён, дар олами ҳастӣ мувоҷеҳ бо анвои бадиҳо ва шурур ҳастем; зилзила, сел, ҳайвоноти даранда, одамони бадсиришт ва ситамгар...

Ба вижа агар худобовар бошем, ин пурсишҳо, ранги дигаре барои худ мегиранд ва ёфтани посух ба онҳо мушкилтар менумояд. Аз худ мепурсем: агар ҷаҳони ҳастӣ худое дорад одил, пас чаро шарр офарида; зилзила ва сели вайронгар бар сари мардумони бепаноҳ оварда, ҳайвоноти даранда ва озоррасон офарида? Дар мавриди инсонҳо низ, чаро якеро тандуруст ва дигареро шал ё кӯр ва ё бадқиёфа намуда? Асосан, чаро Иблисе офарида, ки баъдан он бечораро вориди оташи дӯзахаш кунад? Оё намешуд ҳамаро яксону якнавохт биёфаринад? Оё намешуд Иблисе наёфарад то ӯ мо одамиёни хокиро васваса кунад? Ва аз ин қабил чарову чӣ гунаҳо, ки поёне надоранд.

Ин мақола гунҷоиши посухи муфассал ба ин чароҳоро надорад, аз ин рӯ, кӯшиш мекунем ба гунаи мухтасар ба посухи онҳо бипардозем.

Дар нигоҳе дақиқ ва тааммуле амиқ ба ҷаҳон, рӯшан мешавад, ки порае аз шурур ва бадиҳо, асосан аз синхи “нестӣ” ҳастанд, ва порае ҳам, гарчи аз синхи “ҳастӣ” мебошанд, аммо бадии онҳо нисбӣ ҳастанд, на ин ки ба худии худ, бад ва шарр бошанд. Ҳол, андаке бештар тавзеҳ медиҳам.

Пеш аз тавзеҳ, лозим аст ёдоварӣ гардад, ки дар ин навиштор, ду масъала мусаллам гирифта шудааст: яке он ки ҷаҳон офаридгоре дорад, ва дигар он ки ин офаридгор, ороста бо ҳар камол ва пок аз ҳар олойиш аст; бинобар ин, ӯ ҷуз хайр намеофаринад. Ин ду масъала, дар ҷои худаш ба далоил ва бароҳини мутқани ақлӣ ба исбот расида ва ин ҷо маҷоли исботи он ду нест.

1. Адамӣ будани порае аз шурур:

Шурур ва бадиҳое аз қабили ҷаҳлу нодониҳо, фақру тангдастиҳо, аҷзу нотавониҳо, зулму ситамгариҳо, агар воқеан аз синхи “вуҷуд”, “ҳастӣ” ва “чизе офаридашуда” буданд, дар ин сурат, ҳақ доштем чунин эътироз ба дастгоҳи офариниш намойем, ки чаро инҳоро офаридӣ? Аммо агар аз синхи “нестӣ” бошанд, эътирозе надорад. Ҷаҳл, чизе нест, ки бигӯем чаро вуҷуд дорад? Ҷаҳл яъне адами илм. Он чи ҳаст ва либоси вуҷуд бар тан дорад, илм аст. Он чи вуҷуд дорад, дороӣ аст. Он чи ҳаст, адл аст... Мо вақте касеро мебинем, ки чизе медонад; яъне нисбат ба чизе огоҳӣ дорад, мегӯем, нисбат ба ин масъала олим аст, ва каси дигаре ки аз он матлаб огоҳ нест, мегӯем ҷоҳил аст нисбат ба он масъала. Аммо ҳамон аввалӣ, ки олимаш номидем, агар нисбат ба масъалае дигар огоҳӣ надошта бошад, мегӯем ҷоҳил аст. Пас, сифати “ҷаҳл” чизе ҷуз адами илм нест, ва адами илму огоҳӣ, яъне нестӣ.



1 2 next