Ваҳдати исломӣ дар нигоҳи Алӣ (к)



“Ҳангоми қатъи робита аз тарафи бародарат ту пайванд намо ва ҳангоми қаҳру дурӣ, лутфу наздикӣ кун ва дар муқобили бухлаш бахшиш кун ва дар замони дуриаш наздикӣ намо, ҳангоми сахтгириаш нармиш нишон бидеҳ ва ҳангоми узрхоҳияш қабули узр кун; ончунон ки гӯё ту бандаи ӯ ҳастӣ ва ӯ валинеъмати туст...”

1- Ваҳдат ва ягонагии уммат, дастоварди муҳимми нубуввати Расули Акрам(с)

Дар хутбаи якуми Наҳҷулбалоға, ки хутбаҳо, номаҳо ва калимоти ҳикматомези ҳазрати Алӣ (к) дар он ҷамъоварӣ шудааст, яке аз дастовардҳои муҳимми нубуввати Расули Худо (с) эҷоди ваҳдат ва ягонагии уммати исломӣ шумоорида шудааст.

Дар ин хутба, имом Алӣ(к) ба баёни вазъи парокандаи мардуми он замон ишора карда мефармояд: “Қабл аз беъсати Паёмбар(с) мардум дар мазоҳиби гуногун буданд, ҳавоҳои парешон доштанд ва ҷамъиятҳои парокандае буданд. Дастае худро ба махлуқ ташбеҳ мекард, гурӯҳе мулҳиду бедин буданд ва ҷамъе маъбудҳои дигаре ғайр аз Худо доштанд. Аммо Худованди Мутаол ба баракати вуҷуди он ҳазрат, онҳоро аз гумроҳӣ бираҳонид ва аз нодонӣ наҷот бахшид. Мардуми замин ҳар даста ба оине гардан ниҳода буданд ва ҳар гурӯҳ аз паи хоҳише афтода ва дар хидмати оине истода ё Худоро монанди офаридагон дониста ё сифате, ки сазовори ӯ нест, ба ӯ баста ё ба буте пайваста ва аз Худо гусаста. Парвардигор онҳоро аз гумроҳӣ ба растгорӣ кашонд ва аз торикии нодонӣ раҳонд”.

Гумроҳӣ ва нодонӣ аз иллатҳои тафриқа ва парокандагии мардум ва парастиши маъбудҳои мухталиф ва доштани мазоҳиби гуногун мебошанд, ки беъсати Паёмбар(с) ва раҳбарӣ ва рисолати он ҳазрат бо аз  байн бурдани ин мавонеъ, ваҳдат, улфат, тавҳид ва ягонагиро ба онҳо бозгардонд.

2- Ваҳдат омили иззат, шавкат ва қудрати умматҳо

Ҳазрати Алӣ(к) бо баёни саргузашти умматҳои гузашта ва илали пешрафт ё нобудиашон мефармояд: “Иззату сарбаландӣ ва пешрафту тараққии ҳар уммат, дар ваҳдату ягонагӣ ва ҳамбастагии онҳост ва ваҳдату иттиҳод бузургтарин омили қудрату шавкати як ҷомеа аст. Дар муқобил зиллату сарафкандагӣ ва суқути ҳар уммат дар тафриқа ва парокандагии онҳо буда ва тафриқаву ҷудоӣ ва ихтилоф сабаби асосии заъфу нобудии он ҷомеа ва уммат мебошад”.

 Алӣ (к) дар хутбаи 192 Наҳҷулбалоға, бо баёни саргузашти умматҳои гузашта мардумро ба ибрат гирифтан аз сарнавишти онҳо фаро хонда ва мусулмононро ба анҷоми корҳое, ки сабаби иззату шавкат ва қудраташон мешавад ташвиқ менамояд ва мефармояд: “Бингаред чӣ ҳоле доштанд, ҳангоме ки бо ҳам муттаҳид буданд, ҳадафу ормонашон як чиз, дилҳояшон ҳамоҳанг ва мувофиқ, дастҳо ва шамшерҳояшон дар як роҳ ва ҳадаф буд. Оё вақте ки чунин буданд, фармонравои ҷаҳон ва молики оламиён набуданд?!”

Ваҳдати давлату миллат

Ҳазрати Алӣ(к) ваҳдати давлат ва миллатро яке аз авомили асосии устувор мондани дин ва пешрафти уммат медонад. Ҳазрати Алӣ(к) дар хутбаи 216 Наҳҷулбалоға, рӯи ин нукта таъкид мекунад, ки мардум бояд аз ҳокими мӯъмин ва одил итоат кунанд, зеро нофармонии онҳо сабаби пайдоиши ихтилоф байни муслимин, фарогир шудани фасод, шикасти Ислом ва зарба хӯрдани дин мегардад.



1 2 3 next