Оё аз дидгоҳи Ислом , дин аз сиёсат ҷудо нест?



Ҷавоб: беш аз ҳар чиз сазовор аст, маънои сиёсат равшан шавад то дар сояи он робитаи дин бо сиёсат равшан гардад. Дар ин ҷо барои вожаи сиёсат ду эҳтимол матраҳ аст:

1-Сиёсатро ба маънои “найранг ва фиреб ва ба кор гирифтани ҳар гуна василаи мумкин барои расидан ба мақсад” бидонем. (Ҳадаф василаро тавҷеҳ мекунад).

равшан аст, ки сиёсат ба ин маъно гузашта аз он ки сиёсат ба маънои воқеӣ набуда балки ҷуз ҳила ва фиреб чизе нест ва бо дин созгор намебошад.

2-Он ки сиёсатро ба маънои “тадбири умури зиндагии як ҷомиа аз роҳи усули саҳеҳи Ислом дар заминаҳои гуногун” тафсир бикунем.

Сиёсат ба ин маъно, ки ҳамон идораи умури мусалмонон дар сояи Қуръон ва суннат аст, ҷузви дин буда ва ҳаргиз аз Ислом ҷудо намебошад.

Инак баъзе аз далелҳои ҳамоҳангии дин бо сиёсат ва лозим будани ташкили ҳукуматро ёдовар мешавем:

Равшантарин гувоҳи ин гуфтор, равиши Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар даврони пуртозу нишеби рисолат аст.

Бо мутолиаи гуфтору кирдори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, монанди офтоб равшан мегардад, ки он ҳазрат аз аввали даъвати худ дар фикри ба вуҷуд овардани як ҳукумати нерўманд, бар пояи имони ба Худо буд, ки тавоноии пайрезии тарҳ-ҳо ва барномаҳои Исломро дошта бошад.

Шоиста аст дар ин ҷо ба баъзе аз шоҳидҳое, ки баёнгари ин ҳиммати баланди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, ишора кунем:

Паёмбар, поягузори ҳукумати исломӣ ҳастанд:

1-Онгоҳ, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маъмурият ёфтанд то даъвати худро ошкор кунанд, бо равишҳои гуногун ба ташкили ҳастаҳои мубориза ва ҳидоят ва гирдоварии нерўҳои мусалмон пардохтанд. Ва дар ин роҳ бо гурўҳҳое, ки аз дуру наздик барои зиёрати хонаи Худо меомаданд мулоқот мекарданд ва онҳоро ба сўи Ислом даъват менамуданд ва дар ин миён бо ду гурўҳ аз мардуми Мадина дар маҳалли “Ақаба” ба гуфтугў нишастанд ва онҳо паймон бастанд то он ҳазратро ба шаҳри худашон даъват кунанд ва аз он ҳазрат ҳимоят намоянд. (1) Ва ин гуна аввалин қадамҳои сиёсатгузории он ҳазрат дар ҷиҳати таъсиси ҳукумати исломӣ, бардошта шуд.



1 2 3 4 5 next