Чаро гиромидошти рўзи Ошуро?



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Алҳамду лиллоҳи раббил-оламин вас-салоту вас-салому ало хотамил-анбиёи вал-мурсалин Абил-қосими Муҳаммад (с) ва ало Олиҳил-мутаҳҳарин ва Саҳбиҳил-мунтаҷабин

Имом Ҳусайн (р) қабл аз азимат ба сарзамини Карбало, ҳангоме ки аз Мадина ба сӯи Макка ҳаракат кард, васиятномае ба бародараш Муҳаммади Ҳанафия намуд. Ин васиятнома дар китобҳои таърихии мӯътабар, аз ҷумла дар китоби Футуҳ-и Ибни Аъсам[1] ва Мақтал-и Хоразмӣ[2] бо санади саҳеҳ зикр шудааст. Дар ин васиятнома, аз ҷумла омада аст:

بسم الله الرحمن الرحيم هذا ما أوصي به الحسين بن علي إلي أخيه محمد بن الحنفية إن الحسين يشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريک له وأن محمداً عبده ورسوله جاء بالحق من عنده وأن الجنة حق والنار حق والساعة آتية لاريب فيها وأن الله يبعث من في القبور وإني لم أخرج أشراً ولا بطراً ولا مفسداً ولا ظالماً وإنما خرجت لطلب الإصلاح في امة جدي ( صلي الله عليه وآله )، أريد أن آمر بالمعروف وأنهي عن المنکر وأسير بسيرة جدي وأبي علي بن أبي طالب فمن قبلني بقبول الحق فالله أولي بالحق ومن رد علي هذا أصبر حتي يقضي الله بيني وبين القوم وهو خيرالحاکمين، وهذه وصيتي إليک يا أخي! وما توفيقي إلا بالله، عليه توکلت وإليه أنيب ...

Ин, он чизест, ки Ҳусайн ибни Алӣ ба бародараш Муҳаммад ибни Ҳанафия васият намудааст: Ба дурустӣ, ки Ҳусайн гувоҳӣ медиҳад ба ваҳдонияти Худо ва ин ки ӯ шарике надорад ва Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи ӯст ва ҳақро аз ҷониби Худо овардааст. Ба дурустӣ, ки биҳишту дӯзах ҳақ аст ва рӯзи қиёмат хоҳад омад ва шакке дар он нест ва Худои Мутаол мурдагонро зинда хоҳад кард.

Хуруҷи ман бар Язид, барои эҷоди фитнаву фасод ё барои саргармӣ ва худнамоӣ нест, балки хуруҷи ман барои ислоҳи уммати ҷаддам Расули Худо (с) аст. Ман ирода кардаам, ки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар намуда ва аз сираи ҷаддам ва падарам Алӣ ибни Абӯтолиб пайравӣ кунам. Агар касе даъвати ҳақро пазируфт, пас Худованд сазовортар ба қабули он аст ва агар касе онро напазируфт, ман сабр хоҳам кард, то Худои Мутаол миёни ман ва ин ҷамоат доварӣ кунад ва ӯ Таоло беҳтарин ҳукмкунандагон аст.

Ин васияти ман аст эй бародар ба ту! Ва тавфиқе нест магар бо кӯмаки Худо, бар ӯ таваккул мекунам ва ба сӯи ӯ тавба менамоям ...

Мутаассифона имрӯз ҳастанд, қаблан ҳам буданд, мусалмононе, ки ҳанӯз нафаҳмидаанд ва ё намехоҳанд бифаҳманд, ки чаро мусалмон, ба унвони як мусалмон, бояд рӯзи Ошуроро гиромӣ бидорад? Чаро дар ин рӯз аз Имом Ҳусайн (р) ва ёронаш ёд кунад?

Фикр мекунанд, ин кор як бидъат аст, як навоварист, корест, ки бархе аз мусалмонони “гумроҳ” ва “бидъаткор” аз пеши худ баровардаанд. Иддао мекунанд, ки на ҳазрати Паёмбар (с) чунин кардааст, на як саҳобӣ ва ҳатто на як тобеин. Ин “бидъат” баъдҳо падид омадааст. Ин аз як тараф.



1 2 3 4 5 6 next