Бидъат донистани ҷашни Мавлуд худ биъат аст



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Аз миёни даҳҳо аз бидъату навовариҳое, ки поягузори маслаки ваҳҳобият Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар шариат ворид сохтааст, яке, бидъат донистани баргузории ҷашни мавлуди ҳазрати Расули Акрам (с) мебошад. Дар ин навиштор, роқими сутур бар он аст, бо истинод ба додаҳои шаръӣ, бидъат будани иддаои Ибни Абдулваҳҳобро собит намояд.

Мафҳуми бидъат

Дар оғоз лозим аст мафҳуми бидъат ба диққат мавриди баррасӣ қарор бигирад. Бидъат лафзи арабӣ буда ва дар луғат ба маънои ҳар гуна навоварӣ, чи хуб ё бад, аст. Дар Тоҷул‒арус мехонем:

“Бидъат, ҳар навоварие мебошад. Дар ҳадисе дар бораи қиёми шаби Рамазон омадааст: “Чӣ некӯст ин бидъат!” Ибни Асир мегӯяд: “Бидъат ду навъ аст: бидъати ҳидоят ва раҳнамоӣ ва бидъати залолат ва гумроҳӣ. Он чи хилофи дастури Худо бошад, мавриди мазаммат ва накӯҳиш ва инкор аст, ва он чи дохил дар таҳти умуми мустаҳаббот буда ва Худо ва Расули Ӯ бар он ташвиқ намуда бошанд, мавриди мадҳу ситоиш мебошад. Он чи ҳам, ки барояш намунае пайдо нашавад, мисли навъе дасткушодагӣ ва саховат ва ё анҷоми кори некӯ, аз ҷумлаи афъоли писандида буда ва наметавон онро хилофи он чи шариат овардааст донист. Чаро ки Паёмбар (с) барои ин навъ кор ҳам савоб ва подоше қарор дода, фармудааст: “Ҳар он касе, ки одати некӯе гузорад, барои вай подоши он ва подоши касоне, ки ба он амал кардаанд хоҳад буд”.[1] Дар зидди он ҳам фармуда: “Ҳар он касе, ки одати баде гузорад, бар вай хоҳад буд гуноҳи он ва гуноҳи касоне, ки ба он амал кардаанд”.[2]

Фуқаҳо дар таърифи бидъате, ки бар хилофи шариат бошад, мегӯянд: “он, дохил кардани чизе дар дин аст, ки аз дин набошад”. Яъне ҳар гоҳ чизеро, ки аз дин нест, дар дин ворид кунем ва онро дастури илоҳӣ бишуморем, бидъат гузоридаем. Фарзеро ҳаром ва ё ҳаромеро фарз, суннатеро фарз ва ё фарзеро суннат ва ғайра донем, бидъат намудаем. Ин, дар ибодот мисдоқи рӯшане пайдо мекунад.

Масалан, дар мавриди кайфияти намоз, паёмбар (с) фармудаанд: “Шумо ба ҳамон кайфият ва шакл намоз гузоред, ки мебинед ман намоз мегузорам”.[3] Ҳоло, агар як нафар аз пеши худаш чунин гузорад, ки масалан ба ҷои сураи Фотеҳа (Алҳамду), бигӯяд сураи Носро бихонед, ё як нафар бигӯяд ба ҷои моҳи мубораки Рамазон, дар моҳи Муҳаррам рӯза бигиред, ё ба ҷои ин ки дар Каъба маносики ҳаҷро анҷом диҳед, дар Миср ин корро анҷом диҳед ва аз ин қабил корҳо. Инҳо, қатъан бидъат дар дин ба ҳисоб рафта ва аз навъи бидъати залолат ва гумроҳӣ шумурда шуда ва анҷомдиҳандаи он дар қиёмат, ҷое ҷуз дар оташи ҷаҳаннам нахоҳад дошт.

Қисми дигар аз бидъат ва навоварие, ки ба гуфтаи Ибни Асир бидъати мавриди ситоиш мебошад, аъмолест, ки дохил дар таҳти умуми мустаҳаббот буда ва Худо ва Расули Ӯ бар он ташвиқ намудаанд.

Масалан, дар Қуръон, баъд аз баёни аҳком ва маросими ҳаҷ, Худо ба таври умум ва куллӣ фармуда: “Ва ҳар касе, ки шаоири Худоро бузург шуморад, ҳамоно ин бузургдошт, аз тақво ва парҳезгории дилҳо аст”.[4] Шаоири Худо, яъне аломат ва нишонаҳое, ки Худоро ба ёд меоваранд. Ин, чунон ки фуқаҳо гуфтаанд, як дастури куллӣ ва умумӣ баъд аз баёни мавориди ҷузъӣ ва хосси он аст. Яъне Худо як силсила аҳком ва маросими ҳаҷро бармешуморад ва мегӯяд инҳо аз масодиқи шаоири илоҳӣ мебошанд. Он гоҳ ба таври куллӣ мегӯяд, ки ҳар он касе, ки шаоири илоҳиро бузург шуморад, ин аз тақво аст.



1 2 3 next