Дидгоҳи уламои аҳли суннат дар бораи иқдоми Язид дар масъалаи Карбало

1


Сайидмаҳмуд Бурҳонов, коршиноси аршади маорифи исломӣ

Ибни Таймия ва қиёми Имом Ҳусайн (р)

Яке аз касоне, ки ба нақл ва ҷамъбандии дидгоҳҳои аҳли суннат дар мавриди қиёми Имом Ҳусайн (р) алайҳи Язид пардохтааст, Тақиюддин Аҳмад ибни Таймияи Ҳарронӣ (661-726 ҳ.қ) мебошад.

Ӯ дар баробари амалкарди Язид, мусалмононро бар се даста: миёнарав, зиёдарав ва кундрав тақсим карда, мегӯяд:

Гурўҳи зиёдарав қоил аст, Язид кофир ва фосиқ аст. Ӯ бар куштани набераи Расули Худо (с) даст ёзид ва ҳадафаш дар ин кор, интиқом гирифтан аз Расули Худо (с) ва расидан ба як оромиши қалбӣ буд. Дар воқеъ, Язид бо ин кори худ, интиқоми хуни ҷаддаш Утба, бародари ҷаддаш Шайба ва тағояш Валид ибни Утбаро гирифт, ки ҳар се дар ҷанги Бадр аз сӯйи сипоҳиёни ислом кушта шуда буданд.

Тарафи кундрав, Язидро шахсе солеҳ ва имоме одил медонад, то ҷое ки бархе аз ин тоифа, Язидро аз ҳазрати Абӯбакру Умар (р) ҳам болотар мепиндоштанд, ва бино бар қавле, ҳатто баъзе ҳам ӯро яке аз авлиё меангоштанд.

Тоифаи сеюм, яъне миёнарав ба қавли Ибни Таймия, Язидро шоҳе аз шоҳони мусалмон медонад, ки дорои некиҳо ва бадиҳо аст. Дар замони Язид, масъалаи ҷанг бо Имом Ҳусайн ва ҳодисаи аҳли Ҳарра пеш омад, ки Язид на саҳобӣ аст ва на за авлиёуллоҳ.

Сипас Ибни Таймия мегўяд, ҳамин назар яъне назари сеюм, мавриди пазириши умуми соҳибони ақлу илм ва аҳли суннат аст.(1)

Дар идома, Ибни Таймия назари аввалро ба шиа ва назари сеюмро ба оммаи аҳли суннат нисбат дода мегӯяд: Аҳли суннат ва ҷамоат дар ин хусус ба се фирқа тақсим шудаанд:



1 2 3 4 5 6 7 next