Озодае, ки ҷоми шаҳодат нӯшид



Саидюнунси Истаравшанӣ

Ҳоким дар Мустадраки худ бо санади саҳеҳ ривоят мекунад, ки рӯзе ҳазрати Паёмбар (с) хитоб ба Алӣ (к) фармуд: "Баъд аз ман, ин уммат ба ту хиёнат хоҳанд кард, ва ин дар ҳолест, ки ту бар дину ойини ман зиндагӣ ба сар дорӣ, ва (бидон, ки) ту бар равишу сираи ман кушта хоҳӣ шуд. Ҳар кӣ туро дӯст дорад, маро дӯст доштааст, ва ҳар кӣ бо ту душманӣ кунад, бо ман душманӣ кардааст. Бидон, ки ба зудӣ риши ту бо хуни сарат рангин мегардад”,[1] яъне ба зудӣ ҷоми шаҳодат хоҳӣ нӯшид.

Дар ривояте дигар омадааст, ки Паёмбари гиромӣ (с) Алӣ (к)-ро мухотаб қарор дода, фармуд: эй Алӣ! Оё медонӣ бадбахттарини пешиниён чӣ касест? Алӣ (к) посух дод: кушандаи ноқа (шутур)-и Самуд. Ҳазрат (с) фармуд: дуруст гуфтӣ. Боз фармуданд: медонӣ бадбахттарин кас аз ояндагон чӣ касест? Алӣ (к) гуфт: намедонам. Паёмбари гиромии ислом (с) фармуд: Бидон, ки бадбахттарин шахс ҳамон касест, ки туро мекушад ва ба шаҳодат мерасонад”.[2]

Ҳол, ин бадбахттарин шахс, ки Алӣ (к)-ро ба шаҳодат расонид, чӣ касест? Номи ӯ Абдураҳмон ибни Мулҷами Муродӣ аст. Ӯ аз боқимондаҳои Хавориҷ буд. Ҳол, шоиста аст андак дар бораи Хавориҷ маълумот диҳам. Хавориҷ, гурӯҳе аз сипоҳиёни Имом Алӣ (к) мебошанд, ки дар набарди Сиффайн; яъне ҳамон ҷанге, ки Алӣ (к) бо Муовия дошт, аз саффи сипоҳиёни Алӣ (к) ҷудо шуда ва оҳанги душманӣ бо Алиро сар доданд.

Хавориҷ

Достони Хавориҷ – чунон ки таърихнигорон аз ҷумла Ибни Касир дар китоби таърихи хеш нақл мекунад - ба ин шарҳ аст, ки сипоҳиёни Муовия ибни Абӯсуфён вақте мебинанд дар баробари сипоҳиёни Алӣ (к) шикаст мехӯранд, хостанд барои наҷоти худ, аз роҳи фиреб вориди майдон шаванд. Амр ибни Ос, вазири Муовия, ба сипоҳиёни Шом дастур медиҳад, ки Қуръон сари найзаҳо қарор дода ва аз тарафдорони Алӣ (к) бихоҳанд ба ҷои ҷанг, Қуръонро миёни худ ва онҳо довар қарор диҳанд.

Фармондеҳони сипоҳи Алӣ (к) аз он ҷо ки медонистанд, ин кор найранге беш нест, ба набарди худ идома доданд. Вале гурӯҳе аз сипоҳиёни содалавҳ гӯли ин найрангро хӯрда, аз Алӣ (к) хостанд фавран фармони таваққуфи набард дода ва ба пешниҳоди шомиён гӯш фаро бидиҳад ва Қуръонро довар миёни мусалмонон қарор диҳад.

Алӣ (к) ҳарчанд борҳо ба онҳо тавзеҳ медод, ки ин найранги Ибни Ос ва Муовия аст ва набояд гӯли онро хӯрд, вале ин содалавҳони бехирад бар гуфтаи худ пофишорӣ мекарданд, то кор ба ҷое расид, ки Алӣ (к)-ро таҳдид ба қатл намуданд агар ба гуфтаашон гӯш фаро надиҳад.

Ин ҷо буд, ки Алӣ (к) дастури таваққуфи набард дод ва қарор бар ин шуд, ки аз ҳар ду ҷониб намояндае интихоб шуда ва ин ду нафар бо ҳам барои ҳалли мушкил ба тавофуқ бирасанд ва ба ҳар қароре, ки расиданд, бар ҳамагӣ пойбандӣ ба он воҷиб бошад.

Аз ҷониби Муовия, Амр ибни Ос намояндаи гуфтугӯ таъйин шуд, ва аз ҷониби Алӣ (к) чунин шуд, ки Алӣ (к) мехост яке аз ёрони бовафояш ӯро дар ин гуфтугӯҳо намояндагӣ кунад, вале дар ин ҷо ҳам Хавориҷ вориди майдон шуда ва ҳар касеро, ки Алӣ (к) ӯро барои намояндагӣ пешниҳод мекард, ба ин далел, ки ҳавои Алиро ба сар дорад, рад мекарданд.



1 2 3 4 5 next