Парвардигоро! Мардум Қуръонро канор ниҳоданд



Агар аз мо, ки худро мусалмон медонем бипурсанд, ки робитаи шумо бо Қуръон чӣ гуна аст, шакке надорам, ки посухамон ин хоҳад буд, ки гўем: Қуръон китоби мо мусалмонон аст, ба фармудаҳояш гардан мениҳем ва аз боздоштаҳояш сар печ мезанем.

Яъне, ба ҳар он чи Қуръон гуфта бикун, амал мекунем, ва аз ҳар он чи фармуда накун, даст мекашем. Аммо...

Оё воқеан чунин аст? Яъне оё мо мусалмонон, воқеан қуръонӣ ҳастем?

Касе ки бо Қуръон ошност, агар фармудаҳои Қуръонро дар назар гирифта ва дар зеҳни худ мусалмонеро бисозад, ки сад дар сад қуръонист, ва он гоҳ рў оварад ба касоне, ки хештанро “мусалмон” меҳисобанд, бовар кунед, ки ҳеҷ иртиботе миёни он мусалмони зеҳнӣ ва ин “мусалмон”-и мавҷуд пайдо намекунад.

Мусалмоне, ки Қуръон мусалмонаш медонад, бо касе, ки иддаои мусалмонӣ дорад, тамоман бегона аст; гўи он дар водие қарор дорад ва ин дар водие дигар...

Бовар надоред? Ҳоло бубинед...

Таассуб ба ҷои тааққул

Қуръони Карим вожаҳое чун “чаро ақли худ ба кор намегиред?”, “(кофарон) ақли хеш ба кор намегиранд” ва шабеҳи онро ва хулоса, вожаи “ақл”-ро дар наздик ба 50 оят ба гирифтааст.

Қуръон дар маҷоли пазириши як андеша ва ё фикр, таъкид бар тааққул мекунад ва ба мусалмон дастур медиҳад, ки ҳар фикру андешаеро бо тааққул бипазирад, яъне дар навбати аввал, ақли худро дар дурустӣ ва ё нодурустии он некў ба кор гирад, он гоҳ агар дид маъқул аст, бипазирад:

“Пас бандагони маро мужда деҳ; ҳамонҳоеро, ки суханро мешунаванд ва беҳтарини онро пайравӣ мекунанд. Инонанд касоне ки Худованд роҳашон намуда ва эшонанд хирдмандон”. (Зумар/17-18).



1 2 next