Ҳадафи паёмбариҳо

1


Ҳадафи аслӣ аз фиристода шудани паёмбарон ва ё ба иборати дигар, манзури ниҳоӣ аз фиристодани паёмбарон ва ирсоли китобҳои осмонӣ чист? Охирин сухани паёмбарон кадом аст?

Мумкин аст гуфта шавад: Ҳадафи аслӣ ҳидояти мардум, саодати мардум, наҷоти мардум, хайру салоҳи мардум аст.

Шакке нест, ки паёмбарон барои ҳидояти мардум ба роҳи саодат ва наҷоти мардум ва хайру салоҳи мардум фиристода шудаанд. Сухан дар ин нест. Сухан дар ин аст, ки ин роҳи рост ба чӣ мақсуди ниҳоӣ поён меёбад? Саодати мардум аз назари ин мактаб (ислом) дар чист? Дар ин мактаб чӣ навъ асоратҳо барои башар ташхис дода шуда, ки мехоҳад мардумро аз он гирифториҳо наҷот диҳад? Ин мактаб хайру салоҳи ниҳоиро чӣ чиз медонад?

Дар Қуръони карим зимни ин ки ба ҳамаи ин маъноҳо ишора ё тасреҳ шуда, ду маъно ва ду мафҳум мушаххас зикр шуда, ки мерасонад ҳадафи аслӣ ин ду амр аст, яъне ҳамаи таълимоти паёмбарон муқаддимаест барои ин ду амр. Он ду амр иборат аст аз: шинохтани Худо ва наздик шудан ба ў ва дигар барқарории адлу дод дар ҷомеаи башарӣ.

Қуръони карим аз тарафе мегўяд:

“Эй паёмбар, мо туро гувоҳ (гувоҳи уммат) ва навиддиҳанда ва эъломи хатаркунанда ва даъваткунанда ба сўи Худо ба иҷозат ва рухсати худи ў ва чароғе нурдеҳ фиристодем”.(1)

Дар миёни ҳамаи ҷанбаҳое, ки дар ин оят омадааст, пайдост, ки “даъват ба сўи Худо” танҳо чизест, ки метавонад ҳадафи аслӣ ба шумор ояд.

Аз тарафи дигар дар бораи ҳамаи пайғамбарон мегўяд:

“Мо паёмбарони хешро бо далелҳои рўшан фиристодем ва бо онҳо китоб ва меъёр (тарозу) фуруд овардем то мардум адлу дод бапо доранд...”(2)

Ин оят сареҳан бапо доштани адлу додро ҳадафи рисолат ва фиристода шудани паёмбарон муаррифӣ кардааст.



1 2 next