Зан аз диди Ислом ва ғарб



Занон дар тўли таърих фарозу нишебҳои зиёдеро пушти сар гузоштаанд. Ба истиснои чанд маврид, ки занон тавонистаанд қудратеро дар даст бигиранд, дар бақия маворид ба унвони як унсури муассири ҷомеа арзиши воқеии худро надошта ва ҳамвора камтар аз мардон шумурда шудаанд.

Дар ғарб занон ба унвони як мақулаи иҷтимоӣ ба ҳисоб намеоянд ва ба ҳошия ронда шудаанд. Дар фарҳанги ғарбӣ ҳаққи воқеии занон нодида гирифта шуда ва нақши воқеии онон чандон бозтоб намеёбад ва бар акс, мардон ағлаб ба унвони афроди бо мавқеиятҳои мумтоз ба тасвир кашида мешаванд. Яъне мард ба унвони мавҷуди оқил, нерўманд ва коромад тарсим мешавад ва дар муқобил, занон мавҷуди эҳсосӣ, мунфаил ва ба унвони як колои ҷинсӣ  муаррифӣ  мешаванд.

            Пеш аз Ислом мавқеияти зан беш аз ҳама даврон дорои таърихи дарднок будааст. Зан ба монанди як узви палиди ҷомеа ва василае барои таҳқир ва шармандагӣ  дар хонавода тасаввур мешуд ва ҳеҷ арзише барои зан қоил набуданд. Дар ин даврон зан ҳеҷ гуна озодӣ надошта ва ҳаққи моликият аз ў салб шуда буд ва ҳатто ирсе ба ў намерасид. Ба иборате метавон гуфт, ки зан дар пеш аз зуҳури Ислом ҳадди фосил миёни инсон ва ҳайвон буд. Дар он замон ҳар падаре ки соҳиби фарзанди духтар мешуд эҳсоси шармандагӣ ва сарафкандагӣ мекард ва ҳеҷ мақом ва манзалате надошт.

Баъд аз инки паёмбари азимушшаъни Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мабъус шуданд бо таваҷҷўҳ  ба динни Ислом, ҳуқуқе барои зан таъйин фармуданд. Ислом танҳо мақоми инсонро боло набурда ва аз ў таҷлил накарда балки занро дар сатҳи олӣ то ҷое боло бурда, ки ҳамгом бо мард қарор додааст. Ислом барои зан низ ҳамчун мард ҳуқуқе қоил аст, ки нисбат ба ҳуқуқи ҷавомеи ба истилоҳ мутамаддин ва демократӣ ба маротиб васеътар ва пурдоманатар аст. Ҳуқуқи зану мард аз навъи ҳуқуқи қарордодӣ  нест балки аз навъи ҳуқуқи фитрӣ ва табиӣ сарчашма гирифта ва аз табиат ва зоти ўст. Дар хусуси занон, Ислом ҳечгоҳ мухолифи озодии онҳо набудааст, балки шарофат ва ҳайсияти вайро ба ў боз гардонидааст. Зан мусовии мард аст ва монанди мард дар сарнавишт ва фаъолиятҳои худ озод аст. Дар ин замина метавон ба озод будани зан дар умури иқтисодӣ ва мушорикатҳои иҷтимоъӣ ва сиёсӣ ва ... ва дар кулл ба ҳаққу  ҳуқуқи зан ишора кард. Қуръон ки китоби осмонии мусалмонон аст дар он ба ҳама ҷанбаҳо ва мавзўот ишора шудааст ва фақат ба

пайравони худ таълим намедиҳад ва сирфан панду мавъиза намекунад балки бо тафсири хилқат, тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии махсус ба пайравони худ медиҳад. Дар Қуръон оятҳои бисёре вуҷуд дорад, ки ба хилқати зану мард ишора ва назари худро дар мавриди зан баён мекунад. Бо таваҷҷўҳ  ба ҷойгоҳи зан дар ғарб ва Ислом мебинем, ки аслан усул ва нигаришҳои ғарб ва Ислом бо ҳам қобили мулоҳизаю  муқоиса нест. Дар ғарб занон бо эҷоди наҳзатҳо ва ҷунбишҳое мисли ҷунбишҳои «феминизм» саъй доранд, ки собит кунанд занон ҳаққу ҳуқуқе доранд ва бар ин асос занон дар муқобили мардон сафороӣ мекунанд ва мутавассил ба баёнияи иҷлос ва нишастҳои ҷаҳонӣ мешаванд то ҳаққи худро бигиранд ва собит кунанд, ки онҳо низ инсон ҳастанд! Аммо дар Ислом ингуна нест. Бо ин ки ғарбиҳо дар ин таваҳҳум ба сар мебаранд, ки Ислом аз занон мутанаффир аст, аммо бо руҷўъ ба мабонии Исломӣ мебинем, ки нигоҳи Ислом ба зан волотарин нигаришҳо дар куллияи низомҳои динии таърихи башар будааст. Агар ҷомеаи Исломӣ битавонад занонро бо улгуи исломӣ тарбият кунад, зан ба мақоми воқеии худ ноил меояд. Наҳзати дифоъ аз занон дар ғарб бо як ҳаракати бебарнома, бидуни созмондиҳӣ ва бидуни мантиқ ва бидуни такя бар усули ахлоқӣ, бидуни таваҷҷўҳ  ба фитрат ва табиати зану  мард мебошад. Дар ниҳоят ба зарари ҳама, ҳам занон ва ҳам мардон, тамом мешавад. Ислом ҳамонтавр, ки таколиф ва муҷозотҳои мушобеҳеро барои зан ва

 

мард вазъ накарда, ҳуқуқи мушобеҳе ҳам вазъ накарда, аммо дар ғарб ба тасовии ҳуқуқ муътақид ҳастанд ва ин нишондиҳандаи тафовути байни ғарб ва Ислом мебошад.

Рози матлаб ин ҷост,ки вақте дар Қуръони Карим вақте сухан аз парҳезкорон ба миён меояд, марду занро ҷудо намекунад, балки манзур рўҳи инсон мебошад. Инсон ҳарчи поктар ва ботақвотар бошад ба Худо наздиктар аст. Рўҳи инсон монанди фариштагон, «муҷаррад» аст ва марду зан надорад. Балки вақте вориди ҷисми бадан мешавад ба сурати зан ва ё мард падидор мешавад.

 



1 next