Паёмбари сулҳу раҳмат



Дар як нигоҳи куллӣ, дар Қуръони карим, паёмбари хотам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бо авсофе инчунинӣ васф шудааст:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَالَمِينَ

Ва мо туро нафиристодем магар раҳмате барои ҷаҳониён. (Анбиё: 107).

وَإِنَّكَ لَعَلى خُلُقٍ عَظِيمٍ

Ва ҳар ойина ту бар хулқе бузург ҳастӣ. (Қалам: 4).

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ

Ба меҳру бахшоише аз Худост, ки барои эшон нарм шудӣ, ва агар дуруштхӯи сахтдил будӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. (Оли Имрон: 159).

Пас, Қуръони азимушшаъни ислом он бузургворро раҳмате барои ҳамаи бандагон ва дорои хулқу ахлоқи азим ёд карда ва ин ки агар гурӯҳе гирди ту ҷамъ омадаанд, ба хотири сухани нарму мулойими туст, ва агар ғайр аз ин буд, аз ту гурезон мешуданд.

Ҳамчунин, гушодагии сина ва шарҳи садри он бузургворро меситояд, то он ҷо ки мефармояд:

لَقَدْ جَاءكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُم بِالْمُؤْمِنِينَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ



1 2 next