Нигоҳе ба баъзе аз ҷанбаҳои шахсияти Имом Алӣ (а)

1


Шайх Ҳасан Саффор

Чӣ басо дар мавриди таърихи Имом Алӣ (а) аз қабили таърихи таваллудаш, ҷангҳояш ва шаҳодаташ чизҳои зиёде шунидаем ва низ дар бораи мўъҷизаҳо ва фазоили ахлоқиаш ҳам шунидаем, вале чизе, ки дар бораи он зиёд намешунавем ҳамоно ҷонибҳои муборизавӣ ва рисолӣ аз ҳаёти Имом Алӣ (а) аст. Масалан он рўз, ки ҷавон буд боризтарин ҷилваҳои зиндагияш дар ин марҳала аз чӣ иборат буданд? Он гоҳ, ки марҳалаи ҷавониро пушти сар карда ба марҳалаи куҳулат расид, чӣ вижагиҳоеро дар зиндагияш мушоҳида менамоем ва он рўз, ки аз марҳалаи куҳулат ҳам гузашт, рў ба рў бо кадом ҷилваҳо мегардем? Ҳамаи ин ҳам барои он аст, ки то дар ҳар марҳалае аз зиндагияш Имом Алӣ (а) бароямон муқтадо ва улгуе қарор гирад, ки аз ў пайравӣ намоем.

Имом дар ҷавонӣ

Дар марҳалаи ҷавонӣ муҳимтарин вижагиҳои зиндагонии Имом иборат буданд аз вижагиҳои зерин:

Гушодагӣ: Мурод аз гушодагӣ яъне ҳамвора омода будан аст барои пазириши фикри ҷадид ва андешаи нав ва иқдом намудан барои амали тағйировар бидуни он ки пойбанд ба одату тақлидҳои ҷомеа ва парво ба равиш ва тариқи аҷдоду гузаштагон дошта бошад. Модоме, ки андешаи нав ҳаққ ва фикри ҷадид дуруст бошад, лозим аст инсон иқдом ба пазириш ва қабули он намуда ва барои амал ба он шитоб варзад. Ин вижагӣ дар суръати имон овардани Имом Алӣ (а) ва иқдоми ў барои кўшиш ба хотири ислом дар нахустин лаҳза аз даъвати паёмбар (с) мушоҳида мешавад. Ба ҳамин хотир аст, ки уламои ислом чунин лиҳоз намудаанд, ки аз боризтарин вижагиҳои Имом Алӣ (а) пешдастии ў ба ислом ва намозгузорӣ ҳамроҳ бо паёмбар (с) буд ва ривоятҳо дар ин мавзўъ ба тавотур нақл шудаанд.

Нисоӣ ривоятҳоеро дар аввалин фасл аз китобаш (“Вижагиҳои Амири мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб”) аз тариқи ровиёни гуногуне перомуни ҳамин мавзўъ нақл мекунад.

Дар “Биҳорул анвор” аз Салмони Форсӣ (р) (ва ў аз Расули гиромӣ (с)) чунин ривоят шудааст, ки паёмбар (с) фармуд: “Аввалин касе аз шумо, ки ба назди ман дар ҳавз (дар биҳишт) ворид мешавад, ҳамон аввалин касе аз шумост, ки ислом овардааст, яъне Алӣ ибни Абўтолиб.”[1]

Аз Абўзари Ғифорӣ (р) ривоят шудааст, ки фармуд: “Аз Расули худо (с) дар ҳоле, ки дасти Алиро гирифта буд шунидам, ки мефармуд: Ту аввалин касе ҳастӣ, ки ба ман имон овардааст ва аввалин касе мебошӣ, ки дар рўзи қиёмат даст ба дасти ман медиҳад.”[2]

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р) ривоят аст, ки фармуд: “Расули худо (с) рўзи душанбе барои паёмбарӣ барангехта шуд ва Алӣ рўзи сешанбе ислом овард.”[3]

Аз Алӣ (а) вақте пурсиданд: “Эй Алӣ! Оё он замон, ки имон овардӣ бо падарат дар ин мавзўъ машварате кардӣ?” Алӣ (а) дар посух фармуд: “Оё Худо вақте маро офарид бо падарам машварат карда буд?”[4]



1 2 3 next