Саодати зан дар нигоҳи Расули Акрам (с)

1


Ислом, занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ӯ риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ӯ намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ӯ кардааст.

Паёмбари бузургвори мо, ҳазрати Муҳаммад (с) низ мардро ба эҳтирому икроми зан супориш намуда ва ба фарзандон тавсия кардаанд, ки нисбат ба модарони хеш эҳтиром намоянд, ҳамон гуна ки занро ба риояти ҳуқуқи шавҳар ва фарзандонаш тавсия намудаанд.

Ба иборати дигар, зан бояд нисбат ба адои ҳуқуқи шавҳар ва фарзандон кӯтоҳӣ накунад ва онҳо низ бояд риояти ҳоли зан ва модарро бинамоянд.

Ибни Асокир аз Амири мӯъминон Алӣ (к) нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам (с) ҳадисе нақл карда, ки фармуданд: «Касе ҷуз инсонҳои бузургвор занҳоро икром намекунад ва ҷуз инсони паст ва фурӯмоя касе ба зан беэҳтиромӣ намекунад».

Ва низ Паёмбар (с) дар Ҳаҷҷат-ул-видоъ фармуданд: «Занҳо кӯмаккунандаи шумо ҳастанд ва молики чизе намебошанд (ва чизеро барои худ намехоҳанд) ва шумо онҳоро ба амонат аз Худованд гирифтаед ва издивоҷи шумо бо онҳо бо номи Худо (ва бар асоси ақди шаръӣ) сурат пазируфтааст. Пас дар мавриди рафтор бо онҳо аз Худо битарсед ва рафторе муносиб ва хуб бо онҳо дошта бошед ва дар мавриди онҳо ба некӣ супориш намоед».

Пайғамбари Акрам (с) дини мустаҳкам ва оини пурмеҳру муҳаббат овард ва зулми мардҳо нисбат ба занҳоро аз миён бардошт ва решакан намуд.

Бузургии занро ҳифз намуд, чун ҳаққи ӯро дар интихоб намудани ҳамсаре, ки муносиби ӯ бошад ва зан дар канори ӯ оромиши дарунӣ дошта бошад, озод гузошт. Пас дар издивоҷ ҳаргиз маҷбур нахоҳад буд ва бе ризоят ва майлу рағбати воқеӣ (на зоҳирӣ) ҳеҷ издивоҷе эътибор надорад ва ботил аст. Ва чӣ зебо Паёмбари Акрам (с) фармуд: «Занон ихтиёрдори худ ҳастанд ва духтарон (агарчӣ издивоҷашон бо иҷозати сарпарасти онҳо мебошад, аммо) бояд дар мавриди издивоҷ аз худи онҳо низ ризоят гирифта шавад (ва онҳо дар издивоҷ маҷбур карда нашаванд) ва албатта иҷозат ва ризояти ӯ бо сукут низ маълум мешавад».

Ислом, ҳамон гуна ки супориши занонро намудааст, занҳоро низ ба риояти умури некӯ ва хайр тавсия кардааст, зеро саодату растгории ҷомеа вобаста ба занҳо мебошад.

Мо дар ин навиштор супоришоти Расули Худо (с) ва насиҳатҳои он ҳазрат ба зани мусулмон, ки пояи саодати дунёву охират аст, ҷамъ кардаем, ки Расули Акрам (с) беҳтарин бандагони Худо ва охирин Паёмбар ва муштоқтарини мардум нисбат ба саодати уммат ва пойбандтарини мардум дар амал намудан ба дастуроти илоҳӣ ва ҳаристар аз дигарон нисбат ба наҷоти уммат аз оташи ҷаҳаннам мебошанд.

Ба духтарони мусулмон тавсия мекунем, ки супоришоти Расули Акрам (с)-ро комилан ба кор банданд, ки онҳо ҷавонони имрӯз, модарони фардо ва модарбузургҳои оянда ҳастанд.



1 2 3 4 5 6 next