Қуръон ва каломи қудсӣ

1


Роҳе бизан, ки оҳе бар сози он тавон зад,

Шеъре бихон, ки бо ў ратли гарон тавон зад.

Ҳофиз аз ифтихороти шеъру адаб ва ҷомеаи порсӣ аст. Ў даҳҳо ҷилд маснавӣ ва девон ва қасоид надорад! Ҳофиз танҳо як девони ғазал дорад. Аммо ғазалҳои зебо, заминӣ ва мондагор!

Дило, дидӣ, ки он фарзона фарзанд,

Чӣ дид андар хами ин тоқи рангин?

Ба ҷои лавҳи симин дар канораш,

Фалак бар сар ниҳодаш лавҳи симин.

Ҳофиз на ҷомеашинос ва рўшанфикр, ки ривоятгари замони хеш аст! Дар канори ишқу ёр ва хумор, ў ривоятгари дуруўиҳо, нифоқ, костиҳо ва инҳирофоти ҷомеаи замони хеш аст. ба қавли як бузург, ў на як инсони комил, балки комилан инсон аст.Ба ҳар рўй имрўз, Ҳофиз яке аў мафохири мост, хиёбонҳо, маконҳо, сохтмонҳо ва толорҳоямон ба номи ўст, девонаш аз ҷумлаи пурфуруштарин китобҳо аст, фоли Ҳофиз ва тафаъул ба девони ў, амали пазируфта шуда дар байни мо, ашъораш дилнавозу зебо ва матни зебои таронаҳо ва оҳангҳои мост.Рўзи 13 октябр (20 меҳр) баҳонае аст барои бузургдошти ин шоири бузурги ҷаҳон; ба ин рўй, бо яке аз устодони адабиёт ва яке аз пажўҳишгарон арсаи шеъру адаб ба гуфтугў нишастем. Доктор Исмоил Даёнӣ узви ҳайати илмии донишгоҳҳои кишвари Эрон ва устоди донишгоҳи мазоҳиби исломӣ (вабаста ба Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ) бузургдошти шуарои Эронзаминро муборак ва маймун тавсиф мекунад ва онро ба фоли нек мегирад; вай таъкид мекунад: Адабиёт ва фарҳанги мо ниёз дорад, ки мо худамон пеш биафтем ва таблиғ кунем ва зоҳиран яке аз абзорҳо ва васоили хубу муносиб бо шууноти ҳамин буўургдошти шоирон аст. Ман ин рўзро ба ҳамаи аҳолии адаб, ҳикмат ва ирфон табрик мегўям.

Тақриб: Ҳофиз кӣ буд ва дар шеъру адаби форсӣ чӣ таъсире дорад?Ба як таъбире Ҳофизро ҳама мешиносанд вай шоир ва андешаманди бузурге буд, вале агар бидонем, ки чаро Ҳофиз, Ҳофиз шуд ва мақоми воқеии ў чист бояд дар чанд меҳвар онро мавриди баррасӣ қарор дод. Яке ин ки шуарое, ки баъд аз Ҳофиз омаданд, чӣ вазъе доштанд ва чӣ гуна ба Ҳофиз нигоҳ карданд, дуюм ҳофизпажўҳон ва нусхапардозон, сеюм устодони фан ва дигарӣ мардуманд. Дар мавриди шуаро, мушаххас аст, ки шуарое, ки баъд аз Ҳофиз омаданд, алалхусус онҳое, ки дар ирфон ва адабиёти ирфонӣ ва шеър ғиноӣ шеър сурудаанд, таъсири аҷиберо аз Ҳофиз доштанд. Ҳофиз шоири қадри аввали мост, шоире аст, ки ба истилоҳ, “ғазалро ба осмон бурд ва онро ҳамонҷо қарор дод”. Мақоми Ҳофиз ин аст, ки ғазалро ба ҷое бурд, ки дастарсӣ ба он маконат душвор аст. Дар мавриди ҳофизпажўҳон бояд инро гуфт, онҳо корҳои зиёдеро ба сурати тахассусӣ анҷом додаанд, марҳуми Аҳмад Алӣ Раҷоии Бухороӣ, ки фарҳанги ашъори Ҳофизро чоп карда аз иборати “Ҳофиз бас” истифода мекунад, ки ба ин маъност, ки бас аст сўҳбат кардан дар мавриди Ҳофиз. Аммо Ҳофиз қудрат ва сеҳре дорад, ки маҳро мафтуни худ кардааст. Ҳамчунон ҳофизпажўҳӣ яке аз роиҷтарин мавзўотест, ки дар дабаиёти форсӣ вуҷуд дорад ва ин мўъҷизаи Ҳофиз аст. меҳвари баъдӣ устодони фнне ҳастанд, ки дар донишгоҳҳо ба унвони устоди расмӣ ин дарсро бар ўҳда доранд ва ин дарс аз пуртарафдортарин маводди дарсӣ аст ва ҳама дўст доранд аз Ҳофиз сухан бигўянд ва зебоиҳо ва шигифтиҳои Ҳофизро баён кунанд то ҳадде ки иғроқ ва муболиға сурат мегирад, яъне ҳар ғазале, ки аз Ҳофиз ба даст мегиранд, ба қадре онро манаббаткорӣ мекунанд, ки шояд худи Ҳофиз низ дар фикри баъзе аз ин масоил набудааст, вале мо дўст дорем, ки ин манаббаткориҳоро бо шеъри Ҳофиз анҷом диҳем ва ин яке аз осебҳои ҳофизшиносӣ аст.Мардуми аз қадим ва асри худи Ҳофиз ошиқи шеъри вай буданд ва Ҳофизро дўст медоштанд ва ўро забони қалб ва дил ва замири худашон медонистанд.Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур,Кулбаи аҳзон шавад рўзе гулистон, ғам махур.Ин байтро ҳангоме ки ошиқе мешунавад, таскин пайдо мекунад, модаре, ки фаранде дар сафар дорад, оромиш меёбад ва касе, ки мушкиле дорад, таскин меёбад. Ҳунари бузург ва азамати Ҳофиз, ки мавриди баҳс аст, ин аст, ки ҳамеша аз забони дили мардум сўҳбат мекард, мардум низ ҳамеша ўро дўст медоштанд ва дўст медоранд; шояд маънои шеъри Ҳофизро нафаҳманд, аммо ба ў алоқа доранд. Мехоҳам абёте аз шеъри Ҳофизро бихонам ва бидонед, ки Ҳофиз дар мавриди худаш чӣ мегўяд, албатта шуарои мо дар мавриди худашон иғроқ кардаанд ва шояд Ҳофиз низ ин корро кардааст, вале ин софан асоси суханро гуфтаи вай мегўяд:Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,Ки бар назми ту афшонад фалак иқди сурайёро.Ин як шеъри муболиғаомез ва хаёлӣ аст, аммо бисёр олӣ мавқеият ва маконати шеъри худро баён медорад. Вай дар ҷои дигар мегўяд:Кас чу Ҳофиз накашид аз рухи андеша ниқоб,То сари зулфи арўсони сухан шона занад.Ҳамчунин ин гуна месарояд:Дар осмон на аҷаб гар ба гуфтаи Ҳофиз,Суруди зўҳра ба рақс оварад Масеҳоро.Ин абёт эъҷоз доранд ва дар айни иғроқомез будан, нишондиҳандаи ҷойгоҳи Ҳофиз аст.



1 next