Равиши зиндагии Паёмбар (с) – роҳи исботи ҳаққонияти ислом

1


Оё дини ислом дини ҳақ аст? Ба назари камина, некӯтарин ва шояд наздиктарин роҳ барои исботи ин матлаб, нигоҳест ба сира ва равиши зиндагии оварандаи он яъне ҳазрати Муҳаммад (с), ки чӣ гуна буда? Роқими сутур мӯътақид аст, баррасии торихи зиндагонии оварандаи ойине, чӣ аз забони мувофиқон ва чӣ аз забони мухолифонаш, кофист одамиро ба ҳаққоният ва ё адами ҳаққонияти он дин воқиф созад.

Барои исботи ҳаққонияти ойини ислом, далелҳои зиёде овардаанд ва албатта аз зовияҳои гуногун, ки ҳар як дар ҷои худаш дар хӯри таваҷҷӯҳ аст. Аммо некӯтарин роҳ ва наздиктарини он, чунон ки ишора шуд, баррасии зиндагонии оварандаи ойини муқаддаси ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ба вижа пеш аз он ки иддаои паёмбарӣ намояд мебошад. Чаро?

Зеро агар фарзро бар ин бигузорем, ки ойини ислом ойини ҳақ нест, лозимаи чунин фарзе ин аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дурӯғ гуфтааст; яъне аз пеши худ ин ойин тарошидааст; ҳол, ё ба хотири молу манол ва ё ба хотири обрӯю эътибор, ба ҳар ҳол, дурӯғ гуфтааст.

Аз як сӯ, таҷруба нишон медиҳад – ва инро ҳар инсоне таҷруба кардааст – ки касе ки дурӯғгӯст, инсони солиме намебошад, миёни мардумони ҷомеаи худ ҷойгоҳе нахоҳад дошт ва касе ба ӯ эътимод нахоҳад кард. Асосан, суннати ҳоким бар ҷавомеи башарӣ, аз куҳан то ба ҳол, чунин аст, ки инсоне дар ҷомеа аз обрӯю эътибор бархӯрдор хоҳад шуд, ки дорои ахлоқи писандидае чун садоқат, вафодорӣ, ростӣ, дурусткорӣ, амонат ва аз ин қабил рафторҳои некӯ бошад.

Нигоҳе гузаро ба сира ва равиши зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с) дар миёни мардумони ҷомеааш, ба вижа пеш аз паёмбарӣ, кофист барои ҳар инсоне ин боварро эҷод намояд, ки аслан маҳол аст як чунин инсоне ва дорандаи чунон ахлоқе, сухани дурӯғ ва иддаои газофе кунад. Ҳоло, камина чанд ривояте аз китобҳои мӯътабари торихӣ нақл мекунам то хонанда худ доварӣ кунад.

Дар Сираи Ибни Ҳишом, ки аз мӯътабартарин китобҳои сира ба шумор меравад омадааст, ки вақте мушрикон аз муқобила бо паёмбар хештанро нотавон диданд, Абӯҷаҳл пешниҳод кард, ки биёед ба мардум бигӯем, ки Муҳаммад ҷодугар аст. Назр ибни Ҳорис, ки яке аз сарсахттарин душманони он ҷаноб (с) ба шумор мерафт, баланд шуд ва гуфт: “Эй гурӯҳи Қурайш! Шумо ҳамагӣ некӯ медонед, ки Муҳаммад аз кӯдакӣ то ин замон, ки дар байни шумост, писандидатарин, ростгӯтарин ва амонатдортарин шахс дар миёни шумоён буд, ҳол, ки дар ин синну сол иддаои паёмбарӣ мекунад, мегӯед, вай ҷодугар аст? Ба Худо савганд, ки ӯ ҷодугар нест. Беҳтар аст барои муқобила, як фикри дигар бикунед...

Бухорӣ ривояте дар Саҳеҳи худ нақл мекунад, ки бо интишори хабари паёмбарии он ҷаноб (с) дар ақсо нукоти гетӣ, аз ҷумла Рум, Ҳерақл подшоҳи Рум ба навкарони худ дастур медиҳад то афродеро, ки аз Ҳиҷоз ба Рум барои тиҷорат омадаанд, пеши вай биёваранд. Абӯсуфён, ки яке аз душманони сарсахти паёмбар (с) маҳсуб мегашт, дар он ҳангом дар Рум қарор дошт. Ӯро пеши Ҳерақл ҳозир месозанд. Ҳерақл аз ӯ мепурсад:

- Оё ту ин шахсеро, ки иддаои паёмбарӣ мекунад мешиносӣ?

- Оре мешиносам, писарамуи ман аст.

- Оё аз хонаводаи обрӯмандест?



1 2 3 next