Афсонаи Абдулло ибни Сабо

1


Саидюнуси Истаравшанӣ

Ба ҷои муқаддима

Мутаассифона, таомули пайравони адён бо якдигар, ва ё ҳатто мазоҳиби мухталиф дар дохили як дин, аз куҳан ва то ба имрӯз, бар асоси навъеҷангустувор аст тогуфтугӯи созанда”. Талоши ҳар яке, ин аст, ки то метавонад, мухолифи хеш дар андешаро бикӯбад ва аз саҳна берун ронад, то худ яккатози майдони андеша гардад.

Ва ин, мебинем, дуруст бар хилофи дастуротест, ки кутуб ва манобеи адён ба сӯйи он мехонанд. Масалан, Қуръони карим, китоби осмонии мусалмонон, таомули гаравандагон ба ойини ислом бо аҳли китоб яъне яҳуду насоро-ро, бар асоси гуфтугӯ қарор медиҳад; гуфтугӯе, ки меҳвар ва асоси он, андешаҳои муштарак миёни мусалмонон ва аҳли китоб аст. Хитоб ба паёмбари гиромии ислом (с) мефармояд: “Бигӯ (ба ин яҳуду насоро, ки) эй аҳли китоб! Биёед ба сӯйи сухане (гаройем), ки миёни мову шумо яксон аст: ин ки ҷуз Худои якторо напарастем ва чизеро бо ӯ шарик насозем, ва бархе аз мо бархе дигарро ба ҷои Худои якто ба худойӣ нагирад...” (Оли Имрон/64).

Бадтарин шакли кӯбидан ва ҳазфи якдигар ҳам, мутаассифона, дастёзии пайравони адён ва мазоҳиб аст ба васоиле чун дурӯғ ва бӯҳтон. Масалан, агар бихоҳанд дин ва ё мазҳаби муайянеро дар анзори мардумон сиёҳ ҷилва диҳанд, ба ҷои ин ки худро ба заҳмат афканда, ба нақду баррасии так-таки андешаву мӯътақадоти он бипардозанд, асли пайдоиши он дин ва ё мазҳабро бо як дурӯғ зери суол мебаранд; ба ин ки зуҳуру бурузи онро ба касе ва ё ҷиҳате нисбат медиҳанд, ки назди мардумон сиёҳ аст.

Вақте ҷараёни ваҳҳобият буруз кард, мухолифинаш омаданд ва гуфтанд, ин ҷараён, сохта ва пардохтаи марде инглиситабор ба номи Мистер Ҳимфер аст, ки бо ҳадафи пароканда ва мутафарриқ сохтани уммати исломӣ, ба таъсиси як чунин маслаке даст ёзида аст. Дар ҳоле ки хамирмояҳои андешаи ваҳҳобигарӣ, дар афкори поягузорони ҷараёни Аҳли ҳадис ва баъдтар дар тафаккуроти Ибни Таймия ёфт мешавад. Агар касе мӯътақид аст, ки ҷараёни ваҳҳобият мухолифи исломи асил аст, барои исботи ин муддао, лозим аст бо такя бар додаҳои асили исломӣ, ба нақду баррасии андешаҳои ин ҷараён бипардозад, на ин ки мутавассил ба васоили дурӯғ шавад.

Абдуллоҳ ибни Сабо, “поягузор”-и мазҳаби шиа

Дар бораи пайдоиши мазҳаби шиаён ва чигунагии ташаккулёбии он, хонандаи азиз шояд шунида аст, ки мегӯянд ин мазҳаб ба дасти як яҳудӣ ба номи Абдуллоҳ ибни Сабо сохта шуда аст. Касоне ки чунин мегӯянд, аз пеши худ намегӯянд, балки дар баъзе аз китобҳои таърихӣ хондаанд, ки поягузори мазҳаби шиа, шахсест яҳудӣ ба номи Абдуллоҳ ибни Сабо. Воқеан бовар кардаанд, ки мазҳаби шиа, сохта ва пардохати як чунин шахсиятест.

Аммо агар касе дар ин миён пайдо шуда ва бароятон бигӯяд, ки асли ин достон, ки Абдуллоҳ ибни Сабо мазҳаби шиаро таъсис карда бошад, дурӯғ ва афсонае беш нест, шояд бигӯед, магар таърихнигороне чун Табарӣ, ки дар таърихи худ аз Абдуллоҳ ибни Сабо ба унвони муассиси мазҳаби Рофиза (ва ё ҳамон мазҳаби шиа) ном бурдаанд, дурӯғ гуфтаанд? Магар аз пеши худ онро бофтаанд?

Посух ин аст, ки на. Табарӣ ин достонро аз пеши худ набофта аст, вай дар таърихаш он чиро нақл карда, ки аз дигарон шунида аст. Аслан, таърихнигорон ҳеҷ чизеро аз пеши худ нақл намекунанд, ба вижа амсоли Табарӣ, ки ҳар чи дар таърихи худ нақл карда аст, бо санад нақл карда аст, яъне ному насаби тамомии касоне, ки аз эшон таърих нақл карда аст, ёдовар шуда.



1 2 3 4 5 6 7 next