Оё дар назари шиа Ҷабраил дар расондани паёмбарӣ хиёнат карда ва ба ҷои Алӣ ибни Абитолиб, Қуръонро бар Расули Худо нозил кардааст?!



Ҷавоб: Пеш аз он ки ба бе поягии ин тўҳмати нораворо, ки баъзе афроди ноогоҳ ва ё ғараздор ба шиа нисбат додаанд, ба исбот бирасонем, сазовор аст ба решаёбии он бипардозем:

Решаи ин тўҳмат

Аз оёти шарифаи Қуръон ва аҳодисе, ки дар бораи онҳо расидааст, равшан мешавад, ки яҳудиён бар ин ақида буданд, ки Ҷабраил дар расондани паёмбарӣ хиёнат кард, чун Худованд ба вай дастур дода буд, ки набувватро дар наслу фарзандони Исроил (Яъқуб) қарор диҳад, вале вай бар хилофи фармони Худованд, онро дар наслу фарзандони Исмоил қарор дод!

Бар ин асос, гурўҳи Яҳуд Ҷабраилро душман дониста (1) ва ҷумлаи “Ҷабраил хиёнат кард”-ро шиори худ қарор доданд ва аз ин ҷиҳат Қуръон дар мақоми интиқод аз онҳо ва исботи бе поягии суханонашон, Ҷабрилро дар ояти зер ба унвони фариштаи амин ва дуруст кор муаррифӣ кард:

"نزل به الروح الامين على قلبك لتكون من المنذرين".

“Рўҳул амин (Ҷабраил) Қуръонро ба қалби ту нозил карда, то аз бим диҳандагон бошӣ”. (2)

Ва дар ояти дигар мефармояд:

"قل من كان عدوا لجبريل فإنه نزله على قلبك بإذن الله".

“Бигў, ҳар кас бо Ҷабраил душманӣ кунад, он фариштаи гиромӣ ба изни Худо Қуръонро бар қалби ту нозил кард”. (3)

Аз оёти ёд шуда ва тафсири онҳо, ба равшанӣ маълум мешавад, ки гурўҳи Яҳуд Ҷабраилро ба иллатҳое душман дошта ва ўро фариштаи азоб меномиданд ва ба хиёнат дар расондани паёмбарӣ муттаҳам мекарданд.

Бинобар ин решаи шиори “Амин хиёнат кард” “хона амин” аз хурофоти қавми Яҳуд сарчашма гирифтааст ва баъзе аз нависандагони ҷоҳил, ки бо шиа душмании дерина доранд, ба нушхори сухани яҳудиён пардохта ва ноҷавонмардона ин тўҳматро ба шиа нисбат медиҳанд.



1 2 3 next