Нақши имону ахлоқ дар мустаҳкамсозии бунёди хонавода



Хонавода як воҳиди хурдакаки иҷтимоӣ аст, ки бо пайванди издивоҷи зану мард оғоз мешавад ва бо таваллуди фарзандон, густариш ва истеҳком меёбад. Ҷомеаҳои бузургтар низ аз ҳамин воҳиди хурдакак ташкил мешаванд. Башар аз аввал, зиндагии хонаводагиро ба унвони беҳтарин шакли зиндагӣ баргузида ва дар ҳамаи замонҳо ва маконҳо ба он пойбанд буда ва ҳаст.

Ин гуна зиндагӣ, аз имтиёзоти инсон ба ҳисоб меояд ва фоидаҳои гуногун дорад, аз ҷумла зану мардро аз парешонӣ наҷот медиҳад ва ба хонавода вобаста ва дилгарм месозад ва онҳо аз неъмати унсу улфату муҳаббат баҳраманд мешаванд.

Вобастагии кӯдакон, навҷавонон ва ҷавонон низ ба хонавода, фоидаҳои зиёдеро дарбар дорад, зеро бо ин вобастагии хонаводагӣ, фарзандон аз фасодҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, инҳирофоти ҷинсӣ, иртикоби ҷиноятҳо, беҳудагардиҳо ва мӯътод шудан ба маводди мухаддир ва ғайра дар амон мемонанд.

Бинобар ин, саломат ва саодати ҷомеа то ҳадди зиёде ба вазъи хонаводаҳо ва кайфияти робитаи байни зану шавҳар ва волидайну фарзандон вобаста аст. Ҳар чи робитаҳо беҳтар ва солимтар бошад, зиндагии ширинтар ва босафотар доранд ва иртиботи самимонатар бо хонаводаҳо барқарор мекунанд ва аз хатари инҳирофот дар амон мемонанд.

Мақсад аз издивоҷ дар ислом, яъне эҷоди унсу муҳаббату сафо дар хонавода аст. Хонае, ки дар он сафо ва муҳаббат набошад, аз ҳам гусехта аст ва хонае вайрона ба ҳисоб меояд ва ҳатто метавон гуфт, ки зиндоне беш нест.

Меъёр дар интихоби ҳамсар

Ислом дар ҷиҳати таҳаққуқи ҳадафҳои издивоҷ ва истеҳкоми бунёди хонавода, бар ду амр таъкид дорад: яке имон ва дигаре ахлоқ. Ва ба касоне, ки қасди издивоҷ доранд, тавсия мекунад, ки дин ва ахлоқи ҳамсари худро (чи писар ва чи духтар) мадди назар дошта бошанд.

Марде ба хидмати Расули Худо (с) омад ва дар амри издивоҷ бо эшон машварат намуд, он ҳазрат фармуданд: “Бо занони диндор издивоҷ кун, то хайри фаровоне насиби ту шавад”.

Дар ривояте омада аст: “Суди беҳтар аз зани солеҳу шоиста насиби инсон намешавад, зане, ки шавҳарашро хушнуд месозад ва дар набуди ӯ аз худаш ва зиндагии шавҳараш нигаҳдорӣ мекунад”.

Паёмбари ислом (с) фармуданд: “Агар касе аз духтари шумо хостгорӣ кард ва дин ва ахлоқашро писандидед, бо ӯ васлат кунед, вагарна фитна ва фасоди бузурге дар замин ба вуҷуд меояд”.



1 2 next