Қуръон – роҳнамои парҳезгорон



Дар ояти дуюми сураи Бақара, дар робита бо Қуръони карим, ин китоби осмонии мо мусалмонон омадааст:

Ин китоб, ки ҳеҷ шакке дар он нест, роҳнамои тақводорон аст.

Аммо тақво чист? Тақво, ки як лафзи арабист, дар форсӣ ба маънои парҳез кардан ва дурӣ ҷустан аст. Яъне худро дур кардан аз афкор ва аъмоле, ки хилофи дастуроти шариат аст-ро тақво мегўянд.

Тақво сифати махсуси танҳо як табақа аз табақаҳои мӯъминон нест. Яъне чунин нест, ки ин сифат, сифати фақат як мартабае аз мартабаҳои имон бошад, то гуфта шавад, ки тақво мақомест аз мақомоти имон[1]. Тақво мисли сифати эҳсон (некӯкорӣ) нест. Сифати эҳсон, сифатест махсуси танҳо як табақа аз табақаҳои мӯъминон, ки мӯъминони мӯҳсин ва некӯкор ҳастанд. Мӯъмине, ки фаразан сифати эҳсон надошта бошад, намегӯянд, ки аз имон хориҷ шудааст. Аммо тақво чунин нест.

Тақво ва парҳезгорӣ, сифатест, ки бояд дар тамоми маротиб ва дараҷаҳои имон вуҷуд дошта бошад. Ба сухани дигар, бояд ҳамаи мӯъминон, агар мӯъмин ҳастанд, ботақво бошанд, вале чунин нест, ки ҳамаи мӯъминон, бояд дорандаи сифати эҳсон бошанд.

Далели он ҳам ин аст, ки Худои Мутаол дар ояте, ки дар садри мақола овардем, ба дунболи ин калима (яъне калимаи тақводорон), вақте сифатҳои ононро баён мекунад, аз миёни табақаҳои мӯъминон, бо он ҳама ихтилоф, ки дар табақаҳои онон аст, табақаи муайянеро мавриди назар қарор намедиҳад, балки манзураш ҳамаи мӯъминон аст.

Тақводорон миёни ду ҳидоят қарор доранд

Дар оятҳои нуздаҳгонаи аввали сураи Бақара, ки ҳол ва сифатҳои мӯъминон, кофирон ва мунофиқон пушти сари ҳам баён мешавад, аз сифатҳои баёнкунандаи тақво, танҳо панҷ сифат ёдовар мешавад. Ин сифатҳо иборатанд аз:

1 - имон ба ғайб;

2 - барпоии намоз;



1 2 3 next