Нигоҳе ба ҳуқуқи дуҷонибаи байни зану шавҳар



Дар мавриди ҳуқуқ ва вазоифи дуҷонибаи зану шавҳар, дар Қуръон ва ривоёти исломӣ ба таври муфассал матолибе зикр шуда ва дар ҳеҷ мактабу мадрасае, ба сурате ки ислом баён фармудааст, ба ҳуқуқи зану шавҳар ишора нашуда ва ҳеҷ мактабе ҳам тавони ироаи беҳтар аз онро надорад.

Ҳамон гуна ки медонем, исломи азиз ин ҳуқуқро дуҷониба қарор дода; аз тарафе бар ӯҳдаи мард масоилеро ба унвони воҷиб ва мустаҳаб қарор додааст, то нисбат ба зан анҷом диҳад, ва аз тарафи дигар, бар ӯҳдаи зан низ як силсила масоилро ба унвони вазоифи воҷиб ва мустаҳаббӣ қарор додааст то нисбат ба шавҳари худ дар анҷоми он вазоиф бикӯшад, ки риояти онҳо боиси ширинии зиндагии муштараки онон ва тарки он сабаби кам шудани ширинии зиндагӣ хоҳад шуд.

Худованд дар ин бора, дар Қуръони Карим, дар сураи Нисо, ояти 19 ин гуна таъкид намудааст: “Бо ҳамсарони худ хушрафторӣ кунед”.

Дар сураи муборакаи Бақара, ояти 228 низ мефармояд: “Ва монанди ҳамон ҳуқуқе, ки мардон бар занон доранд, занон ба наҳви маъруф бар мардон доранд”.

Расули Акрам (с) дар мавриди рафтори некӯ бо ҳамсарон фармуданд: “Чандон амини ваҳй (Ҷабраил) нисбат ба зан супориш кард, ки гумон кардам талоқи ӯ ҷуз бо иртикоби зино ҷоиз нест”.

Ҳамчунин он ҳазрат (с) фармуд: “Раҳмати Худо бар касе, ки тамоми рафтори худро байни худ ва ҳамсараш некӯ анҷом диҳад, зеро Худованд ихтиёри занро ба мард дода ва шавҳарро сарпарасти ӯ қарор додааст”.

Дар ин бора ривоёт фаровон аст ва мо бо овардани ривояти зебои дигаре аз Расули Акрам (с) ба ин муқаддима хотима медиҳем: “Беҳтарини шумо касе аст, ки барои хонаводааш беҳтар бошад ва ман барои хонаводаам аз тамоми шумо беҳтарам”.

Сухан гуфтан дар бораи ҳуқуқи дуҷонибаи зану шавҳар бисёр тӯлонӣ ва дақиқ буда ва дар се қисмат баён мегардад, ки қисмати аввали он вазоифи мутақобили зану шавҳар, қисмати дуюм вазоифи ихтисосии мард нисбат ба зан, ва қисмати сеюми он вазоифи ихтисосии зан мебошад, ки дар ин навиштор саъй шудааст, ба гӯшаҳое аз бахши аввали он вазоиф, ба қадри тавон ишора намуда ва дар навиштаҳои баъдӣ ба ҳар кадом аз ин масоил ба таври ҷудогона хоҳем пардохт.

Вазоифи мутақобили зану шавҳар



1 2 3 4 next