Сираи Имом Алӣ (Алайҳис салом)



Аллома Файзи Кошонӣ

 Хилқати Имом Алӣ (Алайҳис салом)

Имом Алӣ (Алайҳис салом) ба ду лақаби: “анзаъ”[1] ва “батин”[2] машҳур буд. Дар забони арабӣ мегўянд: نزع إلى أهله, яъне “ба аҳли худ муштоқ шуд” ва ё мегўянд: نزع عن الأمور نزوعا, яъне “аз (анҷоми) корҳое худдорӣ намуд” ва ба иборати дигар: “аз иртикоби шаҳватҳо худдорӣ намуда, аз онҳо дурӣ гузид” ва ё “ба дурӣ гузидан аз бадиҳо таваҷҷўҳ намуд (ва муштоқ шуд) ва дар натиҷа роҳ ба сўи онҳо бар рўяш баста шуд” ва ё “ба касби тоатҳо таваҷҷўҳ намуд (ва муштоқ шуд) ва дар натиҷа тавонист ба онҳо ноил гардид” ва ё “ба ҳамнишинии некиҳо таваҷҷўҳ намуд (ва муштоқ шуд) ва дар натиҷа онҳоро бар тан кард”. (Ва бо таваҷҷўҳ ба ин маъниҳо, маънои “анзаъ”, ки сиғаи тафзили феъли نزع мебошад, “бисёр муштоқ ва таваҷҷўҳкунанда (ба анҷоми некиҳо ва дурӣ гузидан аз анҷоми бадиҳо)” буда ва баёнкунандаи яке аз лақабҳои Амири мўъминон (Алайҳис салом) мебошад).

Алӣ (Алайҳис салом) чун пур аз дониш буд, ба лақаби “батин” (шикампур) маъруф гардид. Ў (Алайҳис салом) порае аз донишҳои худро ошкор кард ва порае аз онҳоро пинҳон нигаҳ дошт ва пинҳон карданаш ҳам ба муқтазои илми ўст, ки ба василаи он ҳаққи яқинро шинохта.

Аммо он чӣ аз донишҳои ў (Алайҳис салом), ки ошкор шуд, маълумтар аз рўз ва тундтар аз суръати бод дар уфуқҳост, вале он чӣ аз он пинҳон аст, дар мавриди он Амири мўъминон Алӣ (Алайҳис салом) фармудааст:

“Ман чунон бар макнуни илм[3] омехта шудам, ки агар бихоҳам ба он ифтхор намоям, ҳар оина шумо дар изтироб хоҳед афтод ба монанди изтироби ресмонҳо дар чоҳҳои амиқ”.[4]

Боз аз ҷумлаи сифоте, ки Имом Алӣ (Алайҳис салом) ба он машҳур будааст, ин аст, ки ў (Алайҳис салом) миёнақомат буд, чашмони васеъ ва сиёҳ дошт, чунон чеҳраи зебое дошт, ки гўё моҳи шаби чаҳордаҳ бошад, китфҳои васее дошт, бозуҳояш дароз буданд, ҳаргоҳ ба сўи майдони ҷанг раҳсипор мешуд тунд роҳ мерафт, бисёр нерўманд ва шуҷоъ буд.

Ахлоқ ва сифоти Амири мўъминон Алӣ (Алайҳис салом)

Имом Алӣ (Алайҳис салом) аввалини мардум дар Ислом, холистарини онҳо дар имон, шадидтаринашон дар яқин, тарсандатарини эшон аз Худо, бузургтарини онҳо дар таҳаммули ранҷу машаққат, боэҳтиёттарини эшон дар нигаҳдории Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), бартарини онҳо дар фазоил, бештарини эшон дар собиқадорӣ, баландтарини онҳо дар дараҷа, шарифтаринашон дар манзилат ва гиромитарини онҳо бар Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буд.

Ў (Алайҳис салом) нерўманд мешуд ҳангоме ки дигар асҳоб нотавон мешуданд, ба мубориза мебаромад ҳангоме ки дигарон таслим мешуданд, бармехост вақте ки дигарон сустӣ мекарданд, мулозими равиши Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буд ва ҳақиқатан ҷонишин ва халифаи ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буд ва касе натавонист дар масъалаи хилофат бо ў кашмакашӣ кунад алорағми нифоқи мунофиқон, хашми кофирон, нафрати ҳасадварзон ва кинаи фосиқон.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 next