Нигоҳе фалсафӣ ба мавзўи Худо дар Қуръони КаримDeprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99 Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103 Саидмаҳмуд Бурҳонов, коршиноси аршади маорифи исломӣ (Баҳсе фалсафӣ дар радди назарияи ҷадиди Стивен Ҳокинг ) Вақте мо тасаввурот ва идрокоти худро баррасӣ намуда, мафоҳими онро дастабандӣ кунем, ба ду мафҳуми куллӣ бармехӯрем, ки мафҳуме куллитар ва омтар аз он вуҷуд надорад; мафҳуме, ки ҳеҷ қазия ва ҳеҷ ҳукме аз он бениёз нест ва бе он наметавон ҳеҷ ҳукме, ҳатто содатарин ҳукмро содир намуд. Он ду мафҳум, мафҳуми вуҷуд ва адам, ё ба иборати дигар, мафҳуми ҳастӣ ва нестӣ аст. Ин ду мафҳум, аз мафоҳимест, ки мо онро қабл аз ҳар мафҳуми дигаре идрок кардаем. Баёни он ин ки инсон пеш аз ҳар чиз худро меёбад, пас аз он, ҳавосс ва аъзову ҷавореҳи худро, сипас ҳолатҳои гуногуни худ мисли дарду ранҷ, шодиву хушӣ, ташнагиву гуруснагӣ ва ғайраро. Баъд аз он, ба воситаи ҳавоссаш, ба атрофи худ пай бурда, бо он иртибот барқарор мекунад. Ин дарёфт, дарёфтест бевосита; яъне ёбанда (инсон) ва ёфташудаҳо (худ, ҳавосс, ҳолот ва...) дар он яке беш нестанд; чун инсон худро ёфтааст (на ин ки дидааст; ёфтан ғайр аз дидан мебошад). Аммо ин дугонагӣ (ёбанда ва ёфташуда), фақат ба лиҳози эътибор мебошад. Зеҳни инсон ҳамзамон бо ин дарёфти бевосита (ва ба истилоҳ ҳузурӣ), ба таври худкор аз ёфтаҳои худ тасвирбардорӣ ва мафҳумсозӣ менамояд. Аввалин мафҳуме, ки месозад, мафҳуми ҳастӣ аст, ки аз пайи он ба таври худкор мафҳуми нестӣ-ро низ месозад, ба хотири он ки нестӣ зидди ҳастӣ аст, ва зеҳни инсон ҳам ба тавре сохта шудааст, ки вақте чизеро дарк кард, худ ба худ зидди онро ҳам дарк мекунад, ба қавли маъруф, “туърафул ашё би аздодиҳо”, яъне ҳамаи чизҳо ба воситаи зидди худ шинохта мешаванд. Бинобар ин, мафҳуми нестӣ, як мафҳуми туфайлӣ аст ва мисли зидди худ (ҳастӣ) намебошад, ки зеҳн онро аз рўи дарёфти як воқеият сохта ва он мафҳум аз он воқеият ҳикоят кунад. Албатта, ин ба он маъно ҳам нест, ки мафуми нестӣ ҳеҷ хоссияте надошта бошад, балки ҳамон тавр ки гуфта шуд, арзиши он камтар аз арзиши мафҳуми ҳастӣ дар фаолияти зеҳнӣ нест. Дар қадамҳои баъдӣ, вақте иртиботи инсон бо атроф ва муҳити перомуни худ бештар шуд, бо каме диққат меёбем, ки мафҳуми нестӣ дар муқобили мафоҳими дигар ҳамеша ба таври нисбӣ ва комилан интизоӣ ба кор меравад, зеро мо дар ин марҳала онро аз салб ва ҳазфи як шайъе аз ҷое хосс интизоъ кардаем, бинобар ин мафҳуми нестӣ ҳамеша нисбист. Масалан мегӯем: “ин хуб нест”, “ин санг нест”, “ин ҷо ҷангал нест”, “ҳоло шаб нест”, “ӯ нест”, “он нест” ва ғайра... Дар тамоми инҳо, мо як сифат ё як шайъи хоссеро аз як мавзӯъ ё як маҳалле салб менамоем, масалан: вақте мегӯем “ин хуб нест”, яъне ин бад аст, “ин санг нест”, яъне чизе ғайри санг аст, “ӯ нест” яъне ӯ ин ҷо нест, ва ба ҳамин тартиб ҳар кадом...
|