Самарооти дунявии диндорӣ



Бархе бар ин гумонанд, ки диндор будан танҳо натиҷаи ухравӣ дорад ва инсонҳои мӯъмин асари аъмоли худро дар охират мебинанду бас, аммо аз самара ва баҳраи дунявӣ хабаре нест.

Ин як мантиқ аст, вале мантиқи Қуръон ин нест, балки бояд гуфт, ҳарчанд асари ниҳоии пойбандӣ ба дастуроти илоҳӣ дар ҷаҳони дигар буруз хоҳад кард, вале Худованди Мутаол дар ҳамин дунё низ имдодҳои вижаи худро бар мӯъминон фурӯ мефиристад.

Устод шаҳид Мутаҳҳарӣ (р) бо таваҷҷӯҳ ба ояти 26 сураи Анфол талош дорад мухотабонро ба ин муҳим раҳнамун созад. Худованд дар ин оят мефармояд:

“Ва ба ёд оред ҳангомеро ки дар замин гурӯҳе андак ва нотавон шумурда шуда будед, бими он доштед, ки мардумон (мушрикони Макка ва қабилаҳои араб) шуморо бирубоянд, пас шуморо (Худованд) ҷой дод (дар Мадина) ва ба ёрии худ нерӯманд гардонид ва чизҳои покиза рӯзиятон дод то магар сипос доред”.

Устод бо таваҷҷӯҳ ба ояти номбурда мефармояд:

“Ба таври куллӣ, Қуръони Карим ҳамвора кӯшиш мекунад, ки эътимоди муслимин ва мӯъмининро ба имонашон ҷалб кунад, яъне мехоҳад ба онҳо бифаҳмонад, ки имон доштан ва мусалмони дурусту воқеӣ будан чӣ осор ва натоиҷи хубе дорад... ва ҳаргиз натоиҷи хуби имон ва мусалмониро танҳо муҳаввал намекунад ба дунёи дигар ва ба истилоҳ, ҳавола ба насия намекунад...”[1]

“Албатта мантиқи Қуръон як мантиқи моддӣ нест... Ин тавр нест, ки назар фақат ба манофеи моддӣ, он ҳам дар дунё бошад”.[2]

Бозтоби осору натоиҷи дунявии диндорӣ бар асоси ин ояти шарифа аз ин қарор аст:

а) Беҳбудии авзои мусалмонон нисбат ба гузашта: пас (Худованд) шуморо ҷой дод... Хитоб аст ба мусалмонони садри ислом;

б) Нусрат ва ёрии Худованд: ва ба ёрии худ нерӯманд гардонид; яъне ба баракати ислому имон бар иддаи шумо афзуда шуд;



1 2 next