Шаҳодати Имом Ҳусейн дар оинаи ашъори шуарои порсигўй



Ё Раб! Ба насли тоҳири авлоди Фотима

Ё Раб! Ба хуни поки шаҳидони Карбало

Ё Раб! Ба сидқи синаи пирони ростгӯй

Ё раб! Ба оби дидаи мардони ошно

Дилҳои хастаро ба карам марҳаме фирист

Эй номи аъзамат дар ганҷинаи шифо

(Саъдии Шерозӣ)

Шаҳодат, шаҳид, шоҳид ва шуҳадо, калимоти муқаддас ва пуршӯре ҳастанд, ки ҳадди ақал беш аз панҷоҳ бор дар Қуръон ба кор рафтаанд ва ҳар бор низ мафҳуми хоссеро илқо мекунад, ки роиҷтарини он маонӣ “шоҳиди айнӣ” аст.

Шаҳид ва шаҳодат, умре ба густардагии торихи ҳаёти бшарӣ доранд. Аз нахустин рӯзҳои зиндагии инсон, ҷидоли ҳаққу ботил, зулму адл, эзадӣ ва аҳриманӣ оғоз шуд ва хуни Ҳобил (самбули ҳаққу адл) тавассути бародараш Қобил (самбули ҷавру ситам) ноҷавонмардона рехта шуд. Аз он пас, ҳазорон инсони вораставу озода дар роҳи ормонҳои мутаолии худ ба шаҳодат расиданд ва Ҳусайн бартарин улгу ва усваи шаҳодат аст, ки бо марги огоҳона ва ҳамосии хеш, барои абад шӯре дар халқи олам афканд.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 next