Бисмиллоҳир-рахмонир-рахим



Баъзе аз уламои Наҷаф худро аз ҷангу мурофиа дур мекунанд, аммо иддае онро гурез аз воқеият, ё ҳарос ва заъф дар баён медонанд.  Вале агар ба ин масъала аз тарафи дигаре нигоҳ кунем, хоҳем дид, ки дар воқеъ ин як амри мусбат аст, балки дар хеле ҷойҳо муҳим ва зарурӣ аст.  Ҳоло агар ҳамон уламо эҳсосо кунанд, ки уммати исломӣ ё ҳавза ба иллати як руйдоди такондиҳанда ва ё ибҳоме дар баъзе аз мафоҳими исломӣ дар маърази хатар қарор гирифтааст, бидуни тардид дар саҳна хоҳанд буд, зеро онҳо хуб медонанд, ки ҳар олим дар мавқеиятҳои душвор ва ҳассос, бояд илми худро ошкор кунад.  Нуктаи муҳимме, ки набояд инҷо аз ёд бурд ин аст, ки ҳамеша Отуллоҳ Сиистонӣ дар мавқеъҳои фитна ва ошўб сукутро риоят мекарданд, ҳамон тавре ки баъд аз даргузашти Оятуллоҳ Буруҷардӣ ва Оятуллоҳ Ҳаким ва ба миён омадани таассуботи шахсӣ ва рақобат барои расидан ба мансаб ва курсӣ аз тарафи баъзеҳо, ҳазрати Оятуллоҳ Сиистонӣ ҳамон сиёсати собити худро пеш гирифт ва ҳеҷ гоҳ ҳадафи худро расидан ба лаззатҳои дунявӣ, султаҷуӣ, ё мақом қарор надод. 

 Осори фикрӣ

Ҳазрати Оятуллоҳ Сиистонӣ танҳо як фақеҳ нестанд, балки эшон як шахсияти мутабаҳҳир, доно ва дорои як биниши боланда дар ҳавзаи иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошанд. Эшон назароти арзишманде дар бораи идора ва ҷомеашиносӣ доранд ва ҳамвора аз авзои муосир, ки бар ҷомеаи исломӣ ҳукмрон аст, огоҳ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки эшон дар аёдате, ки аз устодашон марҳум Оятуллоҳ Саидабдулқосими Хуӣ дар 29-рабиуссонии 1409 ҳиҷрӣ доштаанд, устодашон аз он кас хостаанд, ки ба ҷояшон  дар масҷиди Хазро имоматии намози ҷамоатро ба ўҳда бигиранд, ки он кас ба ду иллат ин мавзўъро қабул нанамуданд, валекин он марҳум исрори зиёде намуда ва фармуд агар метавонистам ҳамчуноне ки марҳум Ҳоҷиоқо Ҳусейн Қумӣ ҳукм мекард шуморо маҷбур ба қабул менамудам.  Аммо он кас чанд руз мўҳлат хостанд ва пас аз он дар 5-ҷумодиулаввали 1409 ҳиҷрӣ имоматро қабул намуданд.  Ин кор то охирин ҷумъаи моҳи зулҳиҷҷаи соли 1414 ҳ,  ки масҷиди Хазро баста шуд идома дошт. Эшон барои адои фаризаи ҳаҷ дар соли 1384ҳ ва ду бори дигар дар солҳои 1405 ва 1406 ба Маккаи муаззама мушарраф шуд.

Марҷаият

Баъзе аз устодони ҳавзаи илмияи Наҷаф нақл кардаанд, ки иддае аз фузало ва олимон аз Оятуллоҳ Хуӣ баъд аз фавти Оятуллоҳ Саид Насруллоҳ Мустанбит, хостанд, ки шароитеро барои интихоби ҷонишине, ки дорои салоҳияти марҷаият дар ҳавзаи илмияи Наҷаф бошад, фароҳам кунад. Вай Отуллоҳ Сиистониро барои илмашон, покии маслакашон ва низ равиши устуворашон интихоб кард...

...Ибтидо намозро дар меҳроби Оятуллоҳ Хуӣ барпо кард, сипас шуруъ ба баҳс ва нигоштани таълиқот бар рисолаи Оятуллоҳ Хуӣ ва маслаки эшон пардохтанд.  Баъд аз реҳлати Оятуллоҳ Хуӣ Ҳазрати Оятуллоҳ Сиистонӣ яке аз ташйеъкунандагони ҷанозаи он марҳум буданд ва намози майитро бар ў гузоштанд.  Пас аз он зимоми марҷаияти ҳавзаи илмияи Наҷафро ба даст гирифтанд ва ба фиристодани иҷозот, тақсим ва пахши ҳуқуқ ва тадрис аз руи минбари Оятуллоҳ Хуӣ дар масҷиди Хазро намуданд.  Ва ба ин сурат Оятуллоҳ Сиистонӣ шуҳрати зиёде дар Ироқ, кишварҳои халиҷи Форс, Ҳинд, Африка ва ғайра махсусан дар миёни қишри ҷавон пайдо кард.  Ҳазрати Оятуллоҳ Сиистонӣ яке аз уламои саршинос ва барҷастаанд, ки машҳур ба аъламият ҳастанд ва ҷамъи зиёде аз аҳли илм ва устодони ҳавзаи илмияи Қум ва Наҷаф бар аъламияти эшон гувоҳӣ медиҳанд.  Аз Худованди мутаол масъалат дорем, ки муслиминро аз сояи мубораки эшон маҳрум насозад.

 

 



back 1 2 3 4 5 6 7