Бисмиллоҳир-рахмонир-рахим



З- Бештари уламои мо ҳеҷ тағйире руи қавоиди фиқҳӣ, ки аз уламои гузашта ба онҳо расида анҷом намедиҳанд, дар ҳоле ки мебинем Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) саъй бар ин дорад, ки ба баъзе аз қавоиди фиқҳӣ танаввўъ бахшад. Масалан дар бораи қоидаи «илзом», ки баъзе аз фуқаҳо онро ба унвони қоидаи «маслиҳат» мешиносанд, ки бар асоси он мусалмонҳо ҳақ доранд барои ба даст овардани манофеи шахсии худ гоҳе аз қавонини мазоҳиби дигари исломӣ валав ин ки ин қавонин бо мазҳаби аслии худи онҳо созгор нест, табаият мекунанд, дар сурате, ки ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ин вазъро қабул надорад ва эҳтироми ҳар мазҳаб ва қавонини онро мазҳаб ва мазҳабҳои дигарро воҷибтар ва муқаддамтар медонанд, монанди қоидаи «Ликулли қавмин никоҳ» яъне «Ҳар миллат, никоҳ ва расми издивоҷи махсус ба худ дорад».

Хусусиёт ва вижагиҳои шахсияти Оятуллоҳил узмо Сиистонӣ   (дома зиллуҳ)

Ҳар кас, ки аз наздик бо ҳазрати Оятуллоҳи узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) муошират ва рафту омад кунад, ба зудӣ ба шахсияти мумтоз ва руҳияи идеали ў пай мебарад, Ин шахсият  ва руҳияе, ки Оятуллоҳи узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) доро ҳастанд вайро бо як улгуи барҷаста ва олими раббонӣ мубаддал кардааст.  Боре ба баъзе аз фазоил ва макорими ахлоқи он бузургвор, ки банда аз наздик шоҳиди он будам мепардозем:

1) Инсоф ва эҳтиром ба назари дигарон

 Чун он кас ошиқи илм ҳастанд ва иродати хоссе нисбат ба маърифат ва расидан ба ҳақоиқ доранд.  Ҳамвора ба назари дигарон эҳтиром мегузоранд, ҳамеша китоб ба даст ҳастанд ва ҳаргиз хондан, баҳс ва огоҳ шудан аз  назари дигар уламоро фаромўш накарданд.  Лизо гоҳе вақтҳо он кас баҳсҳои бархе аз уламо, ки шояд ҳам ба он сурат маъруф набошанд мавриди мутолиа ва баррасӣ қарор медиҳад.  Ва ин худаш нишонгари он аст, ки ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) таваҷҷуҳи хос ва эҳтироми фавқулоддае нисбат ба раъйи дигарон доранд.

2) Адаб ва назокат дар муҳовираҳо

Ҳамин тавр ки ҳама мединанд, ҷаласоти баҳс ва муҳовира, ки байни талабаҳо ё миёни як талаба ва устодаш, ба хусус дар ҳавзаи илмияи Наҷафи Ашрафи анҷом мегирад, бисёр хашин ва тунд мебошад.  Албатта дар баъзе мавоқеъ ин навъ равиш барои талабаҳо муфид аст, вале дар айни ҳол ҳамеша хушунат ва тундӣ равиши саҳеҳе барои баҳс ва гуфтугў нест ва ҳаргиз ба ҳадафи илми матлуб намерасонад ва ғайр аз талаф кардани вақт ва дур сохтани талабаҳо аз руҳи музокира чизи дигаре дар бар надорад. Аз ҳамаи дарсҳо ва баҳсҳое,  ки ҳазрати Оятуллоҳул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) бо шогирдонашон барпо мекунанд бар асоси адаб ва эҳтироми дуҷониба миёни шогирд ва устод буда ва ҳаст гарчӣ ҳатто бисёре аз мавзуот ё баҳсҳое, ки назди он кас ба миён меояд заъиф ва бепояанд.  Яке дигар аз хусусиёти ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ин аст, ки саъй доранд ҷавоберо, ки ба шогирдонашон медиҳанд такрор кунанд, то онҳо масъалаи матраҳшударо дарк кунанд. Аммо агар суолкунанда руи назари худ исрор кунад ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) сукутро тарҷеҳ медиҳанд.

3) Тартиб

Тадрис як василае нест, ки устод барои касби пул, онро анҷом диҳад. Балки саъйи як устоди хуб меҳрубон ва дилсуз бояд бар ин бошад, ки шогирдонашро тарбият кунад ва онҳоро ба мақоми илмии воло ва пешрафти доим бирасонад. Лизо муҳаббат аз заруриёти ин кор мебошад.  Гузашта аз ин ки ҳамвора ва дар ҳама ҷо   одами бехаёл ва вазифаношинос мавҷуд аст, вале дар канори он, устодони мухлис, дилсуз, рауф ва фаҳмида, ки ҳадафи аслииашон адои рисолати таълиму тарбият ба наҳви аҳсан аст, мавҷуд мебошанд.  Шоёни зикр аст, ки Оятуллоҳ Ҳаким (қуддиса сирруҳ) ва Оятуллоҳ Хуӣ (қуддиса сирруҳ) ҳамеша самбули ахлоқи ҳасана буданд ва ончи ки аз Отуллоҳи узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) дидам ва шоҳиди он будам, ҳамон ахлоқи асотидашон мебошад. Вай ҳамеша аз шогирдонаш тақозо мекнад, ки баъд аз поёни дарс аз он кас савол кунанд. Ҳазрати Отуллоҳ Сиистонӣ ҳамеша ба шогирдонашон тавсия мекунанд, ки ба устодон ва олимон эҳтиром гузоранд ва ҳангоми савол ё баҳси ҳар мавзуе бо онҳо ниҳояти адабро риоят кунанд.  Эшон мудом аз устодони худ ва руҳияи олии онон қиссаҳои фаровоне нақл мекунанд.

Зуҳду тақво



back 1 2 3 4 5 6 7 next