Бисмиллоҳир-рахмонир-рахим



Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ин қоидаро, ки тазоҳум ном дорад ва фуқаҳо ва усулидонҳо онро ба унвони як қоидаи ақли ё уқалоии сирф, матраҳ мекунанд, зимни қоидаи изтирор, ки як қоидаи шаръӣ ва нусуси зиёде дар борааш зикр шуда, мисли (ҳар чизеро, ки Худованд ҳаром кардааст барои музтар ҳалол карда) медонанд.  Пас, дар воқеъ қоидаи изтирор ҳамон қоидаи тазоҳум аст.  Ва ё ин ки фақеҳон ва усулдонон коидаеро беҳуда тул медиҳанд, монанди он чи дар қоидаи «Ло туод» мушоҳида мекунем, ки фақеҳон онро ба далели вуҷуди насси махсуси намоз медонанд.  Дар сурате, ки Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ)  ривояти «Ло туодиссалота илло мин хамсаҳ»-ро мисдоқи куброи дигаре, ки шомили намоз ва воҷиботи гуногун мебошад мешиносанд.  Ин қубро дар охири матни ривоят мавҷуд аст, ки иборат аст аз «Вало тунқизус-суннатал-фаризаҳ» пас он чи, ки мусаллам аст дар намоз ва ғайра тарҷеҳи фариза бар  суннат аст, монанди тарҷиҳи вақт ва қибла, зеро вақт ва қибла аз фароиз ҳастанд на суннат.

6) Дидгоҳи ичтимоӣ:

Баъзе аз фақеҳон мутунро тахтуллафзӣ тарҷума ва маъно мекунанд.  Ба иборати дигар, худашонро муқайяд ба ҳуруфи матн месозанд, будуни ин ки фаротар аз он бираванд ва ба маонии васеи он матн бипардозанд.  Баъзе дигар аз фақеҳон шароите, ки матн дар он гуфташудааст мавриди баҳс ва баррасӣ қарор медиҳанд то ба ҳаводисе, ки бар далолати он матн таъсири мустақим мегузоранд ошно шаванд.  Ба таври мисол агар ба ҳадиси Пайгамбари гиромӣ, ки дар он хўрдани гўшти хари аҳлиро (дар чанги пйгамбар) ҳаром карданд бингарем мебинем, ки баъзе аз фақеҳон ба якояки ҳуруфи ин ҳадис амал мекунанд, ба ин маъно, ки гўшти хари ахлиро тибқи ин ҳадис, ҳаром медонанд дар сурате, ки агар ба шароити хосе, ки ин ҳадис дар он гуфта шудааст таваҷҷуҳи  кофӣта бошем ба манзури асли ва ҳадафи асосӣ, ки Пайгамбари гиромӣ мехостанд инро дар ин ҳадис пиёда кунанд пай хоҳем бурд ва он ин аст, ки ҷанги бо яҳудони хайбар ниёзи зиёде ба силоҳ ва таҷҳизот дошт ва силоҳ ва таҷҳизот дар он замон, ба ғайр аз чаҳорпоён бо чизи дигар қобили ҳамлу нақл набуд. Пас ба ин натиҷа мерасем, ки мурод аз ин ҳадис наҳйи ҳукуматӣ будааст, яъне барои як маслиҳати хориҷи, ки шароити он рузҳо иқтизо мекард, чунин дастуре содир шудааст ва набояд ба унвони ташреъ ё ҳурмат (яъне ҳаром) ва кароҳат талаққӣ шавад.

7) Доштани илму дироят дар истинбот

 Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ(дома зиллуҳ) бар ин ақида ҳастанд, ки як фақиҳ бояд аз забон ва дастури араб итилои комил дошта бошад ва бо насри ашъор ва маҷозҳои арабӣ ошно бошад, то битавонад мутунро дар тибқи мавзуъ на зот дарк ва табақабандӣ кунад. Ва низ бояд бар аҳодиси Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ва ровиёни он иҳотаи комил дошта бошад зеро маърифати илми риҷол барои ҳар муҷтаҳид воҷиб ва зарурӣ аст.  Ҳамчунин Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) орои мунҳасир ба фард доранд, ки бо он чи машҳур ва маъруф аст, тафовут дорад, яъне фарқ дорад. Масалан он кас дар масалаи адами эътимод ба тавҳини Ибни Қазоирӣ нисбат ба дигарон ё ба хотири тавҳини беш аз ҳад ва ё ба хотири набудани субут нисбати китоб ба у раъйи муғойре доранд ва он ин аст,   ки китоби мазкур таҳқиқан ба ў бармегардад ва Қазоирӣ беш аз Наҷошӣ, Шайх ва ғайра мавриди эътимод мебошад.  Он кас бар ин ақидаанд, ки барои таъйини шахсияти ровӣ ва таъйид кардани ў то ин ки битавон як ҳадисро ҳадиси муснад ё мурсал номид, бояд ба равиши табақот эътимод кард ва ин ҳамон ровиши марҳум Оятуллоҳ Буруҷардӣ (қуддиса сируҳ) буд. 

Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) бовар доранд,  ки фақиҳ бояд аз кутуби ҳадис ва ихтилофи нусхаҳо ба якдигар ва дарки мавқеият  ва ҳолу аҳволи муаллиф аз лиҳози забт ва сиҳҳат  ва низ равиши таълиф, ки ин муалиф ё он ровӣ ба кор бурда иттилои кофӣ дошта бошад.  Масалан ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ин амрро, ки Садуқ дар нақли ахбор ривоят ва аҳодис дақиқтар аз дигарон мебошад қабул надорад, балки Шайхро тибқи кутуби мавҷуд ва бар асоси қаринаҳо ноқиле амин ва қобили эътимод медонад.  Ва ҳол он ки ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ва шаҳид Садр дар ин бора кўшиш ва фаъолияти бисёре аз худ нишон доданд ва ҳамвора навъоварӣ ва таҷдидро пеша мегиранд.  Ва вақте, ки Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) вориди баҳси «таъодул» ва «тароҷиҳ» мешаванд ба ин натиҷа мерасанд, ки рози ин баҳс дар иллати ихтилофи аҳодис нуҳуфтааст.  Пас агар мо ба илали ихтилофи мутуни шаръӣ бипардозем он мушкили бузург ва ба зоҳир ҳал нашуданӣ ҳал хоҳад шуд. Ва хоҳем дид, ки аз ривоёти «тарҷеҳ» ва «тағйир», ки соҳиби «кифоя» онҳоро бар истеҳбоб ҳамл кардааст, бениёзем. Шаҳид Садр ҳамин баҳсро баррасӣ кардааст, лекин бар асоси ақли сирф ва на бар асоси зикри шавоҳиди таърихӣ ва ҳадисӣ ва ироаи қавоиди муҳим барои ҳалли ихтилоф. 

8) Муқоисаи миёни мактабҳои гуногун:

Ҳама медонем, ки бештари асотид баҳсҳоро аз диди як мактаб ё ақида баррасӣ ё мутолиа мекунанд, вале ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) аз ин қабил нестанд. Вай масалан миёни ҳавзаи Машҳад, Қум ва Наҷафи ашраф муқоиса мекунад ва орои Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ (қуддиса сирру), ки яке аз уламои маъруфи Машҳад ба шумор меравад орои Оятуллоҳ Буруҷардӣ (қуддиса сирруҳ), ки самбули тафакури ҳавзаи илмияи Қум мебошад ва низ орои се муҳаққиқи маъруф, орои Оятуллоҳ Хуӣ (қуддиса сирруҳ) ва шайх Ҳусейни Ҳиллӣ (қуддиса сирруҳ) ба унвони намояндагони ҳавзаи илмияи Наҷафи ашрафро ҳама ба ҳам матраҳ мекунад.  Дар ҳақиқат ин навъ равиш завоё ва гушаҳои баҳсро ба наҳви аҳсан ба мо нишон медиҳад. Ва аммо равиши фиқҳии он бузургвор дар воқеъ чанд вижагӣ дорад аз ҷумла:

1- Муқоиса миёни фиқҳи шиа ва фиқҳи дигар мазоҳиби исломӣ, зеро бидуни тардид огоҳ шудан аз тафаккури фиқҳи аҳли тасаннун дар асри ба вуҷуд омадани матн, мисли «Муваттаъ»-и Молик ва «Хараҷ»-и Абуюсуф ва мисоли онҳо ин имконро ба мо медиҳад, то аз мақосиди Аимма   (алайҳимуссалом) ва назари эшон ҳангоми гуфтани ин ҳадис ё он сухан мутталеъ шавем.

2-Ба коргирии илми ҳуқуқи муосир дар баъзе мавриди фиқҳӣ, монанди мутолиаи қонуни давлати Ироқ, Миср ва Фаронса ҳангоми баррасии китоби байъ ва хиёрот чаро ки шинохтани услуби қонуни муосир ба инсон  таҷрибаҳои зиёде мебахшад, ки битавонад дар таҳлили қавоиди фиқҳӣ ва тавсиа додан ба тарзи тафаккури ў ва муҷиботи татбиқи он ҳама нукоти муҳим, фаъол бошад.  



back 1 2 3 4 5 6 7 next